ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО САКТАИ МАҒЗИ САР. Омили асосии бавуҷудоии ин беморӣ фишорбаландии шараёнӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 29 октябр дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории инсулт ё сактаи мағзи сар (World Stroke Day) таҷлил мегардад. Санаи мазкур аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мубориза бо инсулт (World Stroke Organization) соли 2006 бо мақсади даъват ба амалҳои фаврии ҷомеаи ҷаҳон дар мубориза бо ин беморӣ таъсис дода шудааст.
Сактаи мағзи сар яке аз бемориҳои шадиди системаи асаб буда, боиси маъюбӣ ва аз даст додани қобилияти корӣ мегардад. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, сактаи мағзи сар аз ҷиҳати маъюбгардонӣ ҷойи аввал ва дар фавт пас аз бемориҳои дил ва онкологӣ мақоми сеюмро ишғол менамояд.
Сокини шаҳри Душанбе Дилшод Раҷабалиев мегӯяд, ки «ҳамроҳ бо набераҳоям дар хона телевизор тамошо мекардем. Ногаҳон фишори хунам баланд шуд ва пас аз чанд дақиқа аз ҳуш рафтам. Вақте чашмамро кушодам, аллакай дар беморхона будам…».
Ба нақли номбурда, ӯ 65 сол дошта, дар гузашта аз тамоку ва машруботи спиртӣ зиёд истифода мебурд, ки дар натиҷа вазъи сиҳатии худро аз даст дод. Табибон иллати бемории Дилшод Раҷабалиевро дар баланд шудани фишори хунаш маънидод намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки инсулт ё худ сактаи мағзи сар бемории табобатшаванда аст, аммо муроҷиати саривақтӣ имкони бештари табобат дорад. Маҳз муроҷиати саривақии хонаводаи Дилшод Раҷабалиев буд, ки феълан ӯ худро комилан хуб ҳис мекунад. Мавсуф акнун назди худ мақсад гузоштааст, ки дигар аз одатҳои бад даст кашида, тарзи ташаккули ҳаёти солимро пеша менамояд…
Дар ин замина табибон иброз медоранд, ки шахсе, ки бемории инсултро аз сар мегузаронад, бо мурури замон метавонад саломатии худро пурра барқарор намуда, ба ҳаёти осоишта баргардад.
Духтури асабишиноси Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Манучеҳр Бобоёрзода мегӯяд, ки бемории сактаи мағзи сар ду намуд мешавад-камхунӣ ва хунрезӣ.
«Имрӯзҳо шаҳрвандони синнашон аз 50 боло бештар ба намуди камхунии бемории сактаи мағзи сар гирифтор мешаванд. Дар ин намуди сактаи мағзӣ ҷараёни хун ба мағзи сар қатъ мегардад ва дар натиҷа ҳуҷайраҳои мағзи сар аз норасоии оксиген ба ҳалокат мерасанд. Дар ҷавонҳо ин ҳолат кам ба назар мерасад. Ҳоло вазъи кунунии бемории мазкур дар ҷумҳурӣ дар ҳолати муқаррарӣ қарор дорад»,- афзуд номбурда.
Омили асосие, ки боиси бавуҷудоии сактаи мағзи сар мегардад, ин фишорбаландии шараёнӣ мебошад. Зеро дар шахсоне, ки фишорашон баланд аст, эҳтимоли ин беморӣ то 5 маротиба меафзояд.
Истифодаи носу сигор, машруботи спиртӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, камҳаракатӣ, ҳамзамон диабети қанд ва номураттаб шудани кори дил низ сабаби пайдо шудани бемории сактаи мағзи сар мегарданд. Аз ин лиҳоз пизишкон ба нафарони аз 40-сола боло тавсия медиҳанд, ки доимо меъёри холестерини хун, вазн ва фишорашонро санҷанд.
Табобати бемории инсулт вобаста ба намудҳояш 4 марҳиларо дар бар мегирад:
— Марҳилаи аввал: аз 3 то10 рӯз
— Марҳилаи дуввум: аз 10 рӯз то 1 моҳ
— Марҳилаи сеюм: давраи аввали барқароршавӣ аз 6 моҳ то 1 сол
— Марҳилаи чорум: давраи дер барқароршавӣ то 2 сол
Солимии ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарони Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз ин рӯ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Қабули «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Табиби асабшинос Манучеҳр Бобоёрзода фарбеҳиро омили дигари пайдоиши бемории инсулт арзёбӣ намуда, гуфт, ки барномаи мазкур барои коҳиш додани бемории сактаи мағзи сар низ дар мамлакат заминагузор аст. Мавсуф мегӯяд, ки мақсади барномаи мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ ба роҳ мондани ҳалли масъалаҳои бо вазни зиёди бадан ва фарбеҳӣ алоқаманд, паст намудани хатари маъюбию фавти бармаҳал ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Нишонаҳои бемории инсулт ё сактаи мағзи сар гуногунанд. Душворӣ дар роҳи нафас, вайроншавии нутқ, гум кардани ҳиссиёт, заиф гаштани биноӣ, сарчархзанӣ ва аз кор мондани як тарафи бадан аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар сурати эҳсос намудани ин аломатҳо чӣ бояд кард? Табибони Бемористони ибни Сино мегӯянд, ки ҳангоми пайдоиши сактаи мағзӣ танҳо бо кумаки саривақтӣ метавон аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ намуд ва ҳамзамон тавсияҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
Дар мадди аввал ёрии таъҷилиро даъват намоед ва то омадани онҳо шумо бояд амалҳои зеринро анҷом диҳед:
— дар зери сари бемор болиштҳои баланд гузоред;
— тирезаро кушода монда, либосҳои танги беморро бароварда, гиребон ва миёнбанди ӯро кушодтар намоед;
— фишори беморро бисанҷед. Агар он аз меъёр боло бошад, ба ӯ доруҳои одатан дар чунин ҳолат истифода мебурдаашро хӯронед ё ақаллан пойҳои беморро дар оби ширгарм гузоред;
— ба бемор доруҳои махсуси хифзкунандаи ҳуҷайраҳои асаб бидиҳед, масалан глитсин.
Табибони ин муассиса дар баробари пешниҳоди тавсия ҳамзамон ҳушдор медиҳанд, ки «дар ҳолатҳои вазнини сактаи мағзӣ ба бемор хӯронидани доруҳои васеъкунандаи рагҳо манъ аст. Масалан, папаверин, но-шпа, кислотаи никотин. Ҳангоми хӯронидани ин доруҳо рагҳо на дар ҷои иллатдошта, балки дар қисмати мағзи сар васеъ мешаванд. Дар натиҷа хун ба ҳамон самт бештар равона гардида, норасоии ҳавои оксигении қисмати дорои иллат бештар мешавад».
Нафароне, ки бемориҳои дил, фишорбаландӣ ва қанд доранд, онҳоро мебояд сари вақт доруҳои фишорпасткунандаи хун истеъмол намоянд ва таҳти назорати табибон бошанд, зеро оризаҳои ин бемориҳо ба сактаи мағзи сар оварда мерасонанд. Тавре дар урфият мегӯянд, беҳтарин роҳи табобат- ин пешгирӣ аз ҳама гуна беморӣ мебошад.
Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»