«ИНТИХОБИ МО – ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонони соҳаи молияи Тоҷикистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.20 /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ бо ташкилоти байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи энергетика 43 лоиҳа ба мабалағи 2,3 миллиард доллари амрикоӣ, нақлиёт — 53 лоиҳа ба маблағи 2,0 миллиард доллари амрикоӣ ва кишоварзӣ- 49 лоиҳа ба маблағи 0,6 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст. Ин нукта дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи молияи мамлакат, ки таҳти шиори «Интихоби мо-Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ҷумҳурӣ бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид, зикр гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш муовини Вазири молияи ҷумҳурӣ Хайрулло Маҷидӣ зикр кард, ки ҳамоиши ҷавонони соҳаи молияи мамлакат на танҳо иқдоми саривақтӣ, балки хеле муҳим мебошад. Зеро дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бевосита таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, молияи давлатӣ низ ба рушди устувор ва дастовардҳои назаррас ноил гардид. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат дар ин давра низоми молиявии ҷумҳурӣ ислоҳоти зиёдро паси сар намуд, ки он пеш аз ҳама, бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти он, мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ дар асоси механизми нави маблағгузорӣ равона гардид.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар даврони истиқлол дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 қонун ва санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба таъмини мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон дар ин ҷода тадбирҳои зиёде дар низоми банақшагирии буҷетӣ, бахусус мутобиқ гардонидани он ба стандартҳои ҷаҳонӣ амалӣ гардид. Сиёсати хароҷоти Буҷети давлатӣ бо мақсади рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифати некуаҳволӣ, таъмини амнияти давлат ва бехатарии озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ ва рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт равона карда шудаанд.
Иштирокдорони ҳамоиш зикр карданд, ки дар партави ҳидоят ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани қонунгузории соҳаи андоз ба шароити имрӯзаи иқтисодӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва аз байн бурдани нишондиҳандаҳои дақиқи сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ як зумра ислоҳоти андозӣ гузаронида шуд.
Дастовардҳо дар самти низоми молияи мамлакат таҳти роҳбарӣ ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат хеле зиёд буда, интизор меравад, ки Тоҷикистон бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои наздик дар самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, аз ҷумла низоми молияи давлатӣ ба пешрафтҳои чашмрас муваффақ мегардад.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






