Маркази миллии тестӣ «Таҳқиқоти миллии арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон»-ро амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 31.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифати 1-и Иттиҳоди Аврупо «Таҳқиқоти миллии арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон»-ро ба роҳ мемонад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ ин Лоиҳа – саволу масъалаҳои тестро дар якчанд вариант аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика таҳия намуд.
Амалӣ намудани Лоиҳа бо мақсади муайян намудани сифати (коршоямӣ)-и саволу масъалаҳои тестии таҳиягардида мебошад. Озмоиш дар синфҳои 5 ва 11-и 26 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Файзобод, Ҳисор ва Шаҳринав баргузор мегардад.
Дар ин озмоиш иштироки 1600 нафар хонанда, аз ҷумла 820 хонандаи синфи 5 ва 780 нафар хонандаи синфи 11 дар назар дошта шудааст.
Аз хонандагоне, ки дар озмоиш иштирок менамоянд, хоҳиш карда мешавад, ки ҳамаи саволу масъалаҳоро бо масъулияти тамом иҷро намоянд, зеро ҷавобҳои ҳаққонии онҳо барои муайян намудани коршоямии саволу масъалаҳои тест, ки минбаъд барои истифода дар тадқиқоти асосӣ интихоб мегардад, муҳиманд.
Бояд гуфт, ки вақти озмоиш мувофиқи шумораи саволу масъалаҳои тестии ҳар фан аз 30 то 50 дақиқа муайян шудааст.








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






