Муҳриддин Низомӣ: «Фалак аз даврони китоби «Авасто», аз замони Борбади Марвазӣ вуҷуд дошт»

Октябрь 9, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи фалак, ки ҳамасола 10 октябр дар мамлакат таҷлил мешавад, бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён ҳамоиш доир гардид.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз намуд, ки “фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусияти тоза касб намуд. Фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад.  Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз мегардад”.

Мавсуф зикр кард, ки фалак ҳамчун мусиқии мардумӣ, фолклорӣ ва  эҷодиёти халқ асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл мерос  мондааст. Ин мусиқии суннатии тоҷик дар худ ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ, аз қабили шашмақомро фаро гирифтааст. Танҳо хусусиятҳои шеваҳои иҷрои маҳалҳои гуногун дар матни сурудҳои фалак зиёд ба назар мерасанд ва матнҳои сурудҳо вобаста ба хусусиятҳои фонетекии тарзи гӯиши гуногун таркиб ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки фалак солҳои 20-уми  қарни гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҳамбастагӣ рушд менамуд. Ин аст, ки имрӯз дар матн ва мусиқии он баъзе ҳамоҳангиҳо ба мушоҳида мерасанд. Фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ, шамолӣ ва шимолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон фалак бо номҳои «фарёд», «фироқӣ», «чорпорӣ», «каллафарёд» машҳур аст. Аз ин тақсими фалак аз рӯи моҳият ва мавқеи иҷро маълум мешавад, ки фалаки Тоҷикистон танҳо аз рӯи маҳалли иҷро табақабандӣ шудааст.

«Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши онро пажӯҳишгарон ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд. Ба ақидаи муҳаққиқ Қурбони Қурбониён, фалак аз даврони китоби «Авасто», аз замони Борбади Марвазӣ вуҷуд дошт ва аз ҳафт парда иборат буд»,- гуфт Муҳриддин Низомӣ.

Омӯзгори кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Диловар Айдаршозода мавзӯи  «Таърихи пайдоиши мусиқии суннатии Фалак ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ»-ро таҳлил намуда, гуфт, ки даврони соҳибистиқлолӣ давраи тиллоии фарҳанги миллӣ ва суннату анъанаҳои  деринаи мардуми тоҷик аст, ки эҳёгару муаррифи суннатҳои аҷдодии тоҷикон мебошад. Фалак ҳамчун намунаи  санъати ҳунарӣ аз минтақаҳои ҷанубу ғарбии кӯҳистони Тоҷикистон сарчашма гирифта, бо гузашти замон такмил ёфт ва арзишҳои миллиро дар худ нигоҳ дошт.

«Аз рӯи қисматбандӣ онро ба фалаки  даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, фалаки ғарибӣ ҷудо намудаанд, ки ҳар кадоми он бо зарбу усул ва оҳанг аз якдигар фарқ мекунанд. Асоси пайдоиш ва тавлиди фалакҳои номбаршуда аз мақоми фалаки роғӣ сарчашма гирифта, то ба даврони мо омада расидааст»,- зикр намуд номбурда.

Дар анҷоми ҳамоиш барномаи ҳунарӣ-фарҳангӣ, ки фарогири шеърҳои «Фалак», «Ватан мегӯям», «Ориёӣ», «Шаҳсавор», ғазалҳои «Эй боди сабо», «Фалаки қаландарӣ», «Дафсоз», «Бепарвофалак» ва рақсу оҳангҳои марғуб буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.

Октябрь 9, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЁМЕ, КИ ҲАМА НУРУ НАВИД АСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — ДАСТУРАМАЛ ВА РОҲНАМО. Дар Душанбе ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ризо Солеҳии Амирӣ: «Аз ҳар муваффақияти Тоҷикистон ҳушҳолу сарфароз мешавем»
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази пажуҳишии Шурои исломии Эрон ҳамкорӣ дар самти таҳқиқотро густариш медиҳанд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Аҳли илму адаби Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон баррасӣ гардид
«Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» гардиданд
Дар Душанбе робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Дар Душанбе Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Форуми олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон оғоз гардид