МУБАЛЛИҒИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АВРУПО ВА АМРИКО. Агар умр вафо мекард, имрӯз профессор Манфред Лорентс ба синни 91 мерасид…
ДУШАНБЕ, 06.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Профессор Манфред Лорентс дар Ғарб шарқшиноси маъруфтарин ба ҳисоб рафта, яке аз донишварони забон ва адабиёти тоҷик буд. Зимни фаъолият ӯ роҳбари ҳайати таҳририяи тарҷумаи китобҳои С. Айнӣ (Марги судхур, Ёддоштҳо)-ро ба ӯҳда дошт ва муаллифи даҳҳо мақолаву гузоришҳои пажӯҳишӣ, тарҷумони зиёда аз 100 ҳуҷҷати таърихӣ, ҳикояву афсонаҳои мардуми форсу тоҷик мебошад.
Ӯ солҳои 70-80-ум мулоқотҳои расмии сатҳи олӣ миёни роҳбарони Ҷумҳурии Демократии Олмонро бо сарони Эрон ва Афғонистон тарҷума намудааст.
Агар умр вафо мекард, ин дӯсти воқеии забон ва фарҳанги тоҷикон имрӯз ба синни 91 мерасид…
Манфред Лоренс, ки дар пойтахти Олмон – шаҳри Берлин зиндагӣ ба сар мебурд, шефтаи тоҷикон ва Тоҷикистон буд ва аз ҷумлаи тоҷикшиносони камшумори ҷаҳон маҳсуб меёфт, ки бо забони тоҷикӣ фасеҳу равон суҳбат мекард.
Замоне ӯ дар Тоҷикистон муддати як сол таҳсил карда буд, бинобар ин аз қабл бо донишмандони кишвар муносиботи наздик дошт. Бо адибони маъруфи тоҷик Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Ҳабибулло Назаров, профессорони равоншод Мансур Бобохонов, Абдуқодир Маниёзов, бо марҳум Камол Айнӣ – писари устод Садриддин Айнӣ.
Ӯ аз соли 1993 ба нафақа рафта ва дар Берлин устоди кафедраи эроншиносии донишгоҳи Ҳумболдт буд. Аз рӯи гуфтаҳои худаш, бо донишгоҳи озоди Берлини ғарбӣ робитаи хуб дошт ва дар он ҷо, инчунин дар як донишгоҳи Амрико низ дарс медод. Ҳамчун эроншинос на фақат машғули таҳқиқи забони тоҷикӣ буд, балки дар донишгоҳи Берлини шарқӣ бахши афғоншиносиро ҳам ифтитоҳ намуд. Кафедраи эроншиносӣ, ки ӯ таъсис дода буд, Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро дарбар мегирад. Дар Лейпсиг маркази бузурги тоҷикшиносӣ таъсис дода буд, ки он Энсиклопедияи сеҷилдаи адабиёти тоҷикро нашр намуд. Дар Полша, Франсия, Чехия (ҳамроҳ бо Иржи Бечка) тоҷикшиносиро ривоҷ дода буд.
Дар яке аз мусоҳибаҳои охиринаш бо хабарнигорони тоҷик Манфред Лорентс изҳор карда буд: «Мо китоби Ҷаноби Президентро хондем, хеле олӣ ва боиси хушҳолии ҳамаи мост». Сухан дар бораи китоби (якуми) «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмон мерафт, ки соли 2016 дар Душанбе ба табъ расида ва аз ҷониби дӯстонаш ба ӯ дастрас гардида буд.
«Президент маро даъват карданд, ки дар ҷашни Наврӯз меҳмони Тоҷикистон шавам. Тоҷиконро пазмон шудаам, агар умр вафо кунад, ҳатман меравам», — гуфта буд ӯ соли 2011, пас аз мулоқот дар Берлин бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зимни мулоқот Сарвари давлати мо ба Манфред Лорентс ва шогирдаш, шарқшинос Лутс Жеҳак мукофоти давлатии Тоҷикистон – ордени «Дӯстӣ»-ро супориданд.
Вале орзуи Манфред Лорентс амалӣ ношуда монд. 25 майи соли 2017 дар синни 87-солагӣ ӯ аз олам даргузашт. Пас аз як моҳ, 23 июн, дар қабристони Панкофи Берлин ба хок супорида шуд.
***
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо, ки солҳои ҷавонӣ дар Олмон таҳсил намудааст, тавре худи ӯ менависад, бо шарқшиноси маъруф дӯстӣ ва ҳамкорӣ доштааст.
«Солҳои тӯлонӣ бо устоди Донишгоҳи Ҳумболдт шарқшинос Манфред Лорентс робитаҳои дӯстӣ доштем, — навиштасст Соҳибназар Ғайратшо. — Сари як пиёла чой ва пироги хонагӣ, ки устод хеле моҳирона омода мекард, атрофи рушду такомули забон, бахусус тадқиқотҳои паремиологии ҳар ду забон суҳбатҳои тӯлонӣ мекардем. Донандаи як зумра забонҳо, чақ-чақӣ ва мусиқинавози варзида буд. Ба синну солаш нигоҳ накарда нақшаҳои зиёд дошт. Он замон ҳар ду нияти сохтани як барномаи транскрипцияи матнҳои классикӣ ба хати тоҷикиро дар сар доштем. Мехостем «китоби таълими забони тоҷикӣ ҳамчун забони хориҷӣ» таҳия кунем. Бори охирин вақте ба аёдаташ рафтам, дигар бемору дардманд шуда буд. Он замон аз устод Лорентс хоҳиш кардам, барои як китоби дар ҳоли анҷомёбӣ хотироти даврони донишҷӯии худ дар Тоҷикистонро бароям рӯи коғаз биёрад. Манфред Лорентс ба ваъдааш вафо кард».
Дар зер мо ин хотираҳои ҷолибро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
***
ДЕБОЧА
Баъди хатми факултаи эроншиносии Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин (он замон Олмони Шарқӣ) ман соли 1957 барои идомаи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон роҳхат гирифтам. Қарор буд ки дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (минбаъд ДДТ) ба сифати унвонҷӯ-аспирант забон ва адабиёти тоҷикро омӯхта, бо ҳаёти мардуми як кишвари шарқии дур аз Олмон ошно гардам ва ниҳоят барои кори илмиам маводҳои лозима ҷамъоварӣ кунам.
Сафар ба Тоҷикистон, ки 5 ҳазор километр дур аз зодгаҳам қарор дорад, нахустин сафари ман ба хориҷи кишвар буд ва чи аз лиҳози инсонӣ ва чи аз лиҳози илмӣ ба ҳаёти минбаъдаам нақши муассир гузошт. Дертар ман имкон доштам чандин маротиба бо ҳадафҳои корӣ ва хусусӣ ба Тоҷикистон сафар кунам. Нахуст фарзандам замоне ба дунё омад, ки худ дар Тоҷикистон будам. Аммо нахустсафарам барои мураттаб сохтани фаъолияти минбаъдаи илмиам нақши ҳалкунанда бозид.
Ҳар дафъа ки порае аз ҳаёти худ дар Тоҷикистонро ба ҳамсар ва фарзандону дӯстонам ҳикоя мекардам, бароям тавсия медоданд, ки роҷеъ ба таассуротам аз сафар, донишгоҳ, устодону ҳамсабақон ва шаҳри зебои Душанбеву атрофи он ёддошт нависам. Аслан худам ҳам мехоҳам таассуротҳоямро аз ҷашну маросимҳои тоҷикӣ, сафарҳоям ба дигар шаҳрҳо, оид ба иштирокам дар ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Шаҳртуз ва ғ. дар шакли китоб гирд орам. Чи хел вақт тез мегузарад, ман бошам ҳанӯз ҳам тасмими худро ниҳоӣ накардаам. Аз як ҷониб кори ҳаррӯза, ҳаёти оилавӣ ва вазъи сиёсӣ он замон то ҳол бароям даст надод, то ин ҳадафам амалӣ шавад.
«Барои матлабе ки аз ман хоҳиши навиштанашро кардед, ман бо эҳтимоли зиёд имкони инъикоси пурраи он ҳама таассурот ва дарҷи ашхоси ошноро надошта бошам. Шояд ёдрас кардани ҳамаи он нафароне ки дар асл бароям таассуроти нек гузоштаанд, ғайри имкон бошад. Ба ҳар ҳол, аз сафарам қариб ним аср гузашт. Шояд баъзеашон дар қайди ҳаёт набошанд. Аммо хотироти ман нисбати он нафарон ҳамеша боқӣ хоҳад монд».
АЗ БЕРЛИНИ ШАРҚӢ БА ДУШАНБЕ БО ҚАТОРА
18 сентябри соли 1957 қаторае, ки ман 5 рӯз пеш дар Маскав ба он нишастам, ба истгоҳи роҳи оҳани Сталинобод расид. Бо қарор гирифтани қатора дари он кушода шуду дар раҳрав садои зане баланд шуд, ки бо забони буррои олмонӣ маро мепурсид: «Шумо ҳаминҷоед, ҷаноби Лоренс?» Ин садои тарҷумон Флора Михайловна Меҳринг буд, ки бо намояндаи донишгоҳ ба пешвози ман омада буданд. Номи ин хонумро аз он сабаб ёдрас карданиам, ки ӯ дар таблиғи забони олмонӣ дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда дошт. Ҳангоми дар Душанбе қарор доштанам ман борҳо ба шӯъбаи забони олмонии ин донишгоҳ меомадаму бо устодон робитаи хуб доштам.
Яке аз воқеаҳои фараҳбахшу фаромушношуданӣ ҳеҷ аз хотирам намеравад. Ин воқеа баъди чаҳор соли ба Олмон баргаштанам дар рӯзи ҳимояи кори илмиам дар шаҳри Берлин рух дод. Миёни иштирокчиён дар толор як нафар омӯзгорзани тоҷик низ ҳузур доштааст, ки чанде пеш барои такмили ихтисос ба Берлин омада будааст. Баъди ҳимояи бобарори кори илмиам ин зан аз ҷой бархосту дар назди комиссияи санҷишӣ ба сари мани дар ҳайратафтода ба ҷои «каллапуши докторӣ» тоқии тоҷикӣ пушонд. Бо эҳтимоли зиёд ин яке аз омӯзгорони ҳамон шӯъбаи забони олмонии донишгоҳ буд.
Аз зинапояи қатора поён шуда истода будам, ки маро дар баробари дигар намояндагони донишгоҳ як зани ситорагам бо гулдаста пешвоз гирифта бо забони тоҷикӣ хайрамақдам хонд. Ман ки дар Берлин чанд сол боз забони форсӣ таҳсил кардаву худро донандаи забон меҳисобидам, аслан чизе нафаҳмидам. Албаатта ин вазъ бо гузашти чанд моҳ тағйир ёфта бошад ҳам, ҳанӯз дар нахустин рӯзи ба Тоҷикистон расиданам мавзӯи кори илмиам мушаххас гардид. Он вақт ман ба хулосае омадам, ки дар мавзӯи «Фарқият миёни забони тоҷикии муосир ва забони форсӣ дар Эрон» рисолаи худро нависам. Гуфтаги барин, ман бо ин зан дар сафарҳои минбаъда чандин маротиба сӯҳбатҳои судманд доштам. Номи ӯ Мукаррама Қосимова, роҳбари кафедраи забони тоҷикӣ дар ДДТ буд. (Профессор Мукаррама Қосимова, забоншиноси маъруфи тоҷик, муаллифи китоби «Матни классикӣ», рӯзи 2-юми октябри соли 2020 дар сини 87-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Равонашон шод бод!)
ХОБГОҲИ ПУР АЗ ОЛИМОН
Моро ба хобгоҳе бурданд, ки дар кӯчаи ба номи Куйбышев ҷойгир буд. Мегуфтанд, ки ин ҷо қаблан яке аз вазоратҳо ҷой гирифта буду акнун унвонҷӯёну кормандони ҷавон бо оилаҳои худ зиндагӣ мекунанд. Намояндаи хобгоҳ хонум Галина Сахарова аспиранти ҷавонеро ба ман муаррифӣ кард, ки дар бобати илмҳои таърих пажӯҳиш мекард. Ин ҷавони тоҷик ва ҳамсинну соли ман, ки оянда яке аз дӯстони наздику самимии ман дар Тоҷикистон гардид, Мансурхон Бобохонов буд.
Аз Бобохонов ман дар бобати таърихи Тоҷикистон, роҷеъ ба ҳаёти мардуми таҳҷоӣ ва моломоли анъанаҳои исломӣ бисёр чизҳоро омӯхтам. Дертар ман бо оила ва хешовандону дӯстонаш ва дигар нафарон аз миёни мардуми оддӣ шинос шудам. Баъди ба Олмон баргаштанам ман бо эҳсосоти форам ба наздиконам нақл мекардам, ки ҳамчун узви як оила дар Конибодоми Тоҷикистон эътироф шудаам. «Падари тоҷикам» (манзураш падари дӯсташ Бобохонoв) вақти гусели ману ҳамсарам ба Олмон хеле ашк рехта буд. Чунин ашкрезии як нафар пирамард аз ҳама чизи дунё дида арзишмандтар аст-агарчи он таҷассумгари меҳру муҳаббат ва ғояти дустии самимӣ буд. Мо ба забони тоҷикӣ суҳбат мекардем, ҳатто бо гузашти чандин солҳо низ, вақте Мансур бо хонумаш Зебо меҳмони ман дар Берлин буданд, суҳбатҳои мо бо забони тоҷикӣ сурат мегирифтанд.
АЗ ТАҲСИЛ ТО ПАХТАЧИНӢ
Рӯзи дигар маро ректори донишгоҳ пазируфт. Намедонистам чи тавр сипоси худро ба Солеҳ Ашурович Раҷабов иброз намоям. Сарвари донишгоҳе ки дар он зиёда аз 2000 нафар таҳсил мекарданд, бешубҳа масъулияту вазифаи бисёр дошт, вале новобаста аз ин ӯ вақт пайдо карда бо ман суҳбат мекарду аз муваффақиятҳоям пурсон мешуд.
Ректор барои пайдо кардани ҷои истиқомат, барои тамошои масҷид ва мулоқот бо намояндагони олии уламои исломӣ бароям мусоидат мекард, ки барои он солҳои мушкил хайрхоҳии фавқулода ҳисоб меёфт. Ӯ ҳатто иҷоза дод, ки ман аз ҳисоби донишгоҳ ба Самарқанду Бухоро ва Тошканд, маркази фарҳангу тамаддуни Осиёи Марказӣ сафари омӯзишӣ анҷом диҳам. Нафареро ки он замон маро зимни сафар ба шаҳрҳои болозикр ҳамроҳӣ мекарду бо хешовандону дӯстонаш шинос намуд, ҳангоми сафари навбатиам ба Тоҷикистон (1970) вохӯрдам. Субҳонқул Мухторов аллакай декани факултаи математикаи ДДТ таъин гардида буд.
Агарчанде ман он замон ба ҳеҷ як ҳизбу ҳаракат тааллуқ надоштам, аммо маро Котиби ҳизби донишгоҳ Рустам Юсуфбеков — марди наҷиби ишкошимӣ ба ҳузур пазируфт. Ҳанӯз ҳам овози нарму каме гирифтаи ӯ дар гушам садо медиҳад, ки дар ҳар як ҷашну маросимҳои донишгоҳӣ ба муносибати ман, дӯсти берлинӣ, қадаҳ мебардошт.
Бо Котиби комсомоли донишгоҳ Раҳим Додихудоев, ки бо изҳори таассуфи амиқ хеле бармаҳал моро тарк намуд, риштаҳои дӯстии мо хеле мустаҳкам гардид. Мо чандин дафъаҳо чи дар Душанбе ва чи дар Бамбергу Берлин вохӯрдем. Охирин ҳамкории мо роҳбаладии як нафар унвонҷӯи афғон буд, ки дар бобати омӯзиши забони шуғнонӣ – забони модарии Раҳим таҳқиқот мебурд.
Рӯзи нахустини баъд аз расида омаданам маро бо роҳбаладам шинос намуданд. Додоҷон Тоҷиев –роҳбари кафедраи забони тоҷикӣ. Мо ҳафтае як маротиба вохӯрда оид ба махсусиятҳои грамматикаи забони тоҷикӣ суҳбат мекардем. Бозор Тилавов – он замон омӯзгори ҷавон — ба утоқи ман дар хобгоҳ омада бароям дарси тоҷикӣ медод ва матнҳои мураккабро мефаҳмонд. Бозор Тилавов ба унвони доктори илмҳои филология расида солҳои охир ҳамчун фолклоршинос дар Академияи Илмҳо фаъолият мекард.
Ба ман ҳамчунин тавсия доданд, ки дар машғулиятҳои соли чоруми таҳсили филология (шарқшиносӣ) низ иштирок кунам, ки барномаи таълимии он бароям хеле ҷолиб буд. Маро «ҳамсабақонам» базудӣ ҳамчун «бачаи худӣ» қабул намудаанд. Бисёре аз онҳоро дар сафарҳои минбаъдаам вохӯрдам, ки аллакай дар мансабу вазифаҳои баланд фаъолият мекарданд. Чунончи, дӯстонам Юнусов ва Кароматуллоева дар китобхонаи давлатӣ, файласуф Мусо Диноршоев, ки ҳамроҳаш ба сафари Ҷилликул рафта будам, Акбар Ҷураев, ки ҳанӯз дар давраи донишҷӯияш ба фаъолиятҳои актёрӣ машғул буд, ҳама дар вазифаҳои ҷиддӣ фаъолият мекарданд. Дигаронро аз қабили арабшинос Аҳмадҷонов, ки мо шӯхиомезу бародарона «Муллоараб» меномидем, дар Донишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳо фаъолият мекард.
Инҳо ҳама воқеан дӯстони асилу ҳақиқӣ буданд. 4 октябри соли 1956 ман ҳамроҳи онҳо барои 2 ҳафта ба ҷамъоварии пахта рафтам. Сафар дар болои мошини боркаши болояш кушода дар ҳавои ҳанӯз ҳам гарму ғуборолуд барои ман барин шахси ноозмуд осон набуд. Аммо баъди ин сафар ман дарк кардам, ки пахта барои кишварҳои Осиёи Марказӣ чи аҳамияте дораду бо чи тарз он ҷамъоварӣ мешавад. Рӯзи нахустин ман бо пешбандаки пахтағундорӣ қатори дигарон ба саҳро рафтам, аммо баъдан бо изҳори хайрхоҳӣ бароям гуфтанд ки ҳамчун аспирант мавқеи «муаллимро» дораму ба масъулиятам аз пахтачинӣ дида бештар назорат аз болои дигарон дохил мешавад. Ман ки бе ин ҳам ёрои иҷрои уҳдадории ҳар рӯзаи ҷамъовариро надоштам, аз ин ҳолат хурсанд шуда, ба донишҷӯён ёрӣ медодам.
Ба ҷуз аз дарсҳои Тоҷиев ман инчунин дар машғулиятҳои назариявии Соҳиб Табаров (адабиёти муосир), Ш. Ҳусейнзода (адабиёти ниёгон ва вазни шеър) ва профессор Ниёзмуҳамедов иштирок мекардам. Донишҷӯёни соли сеюми факулта дар доираи фани лаҳҷашиносӣ ва ҷамъоварии вожаҳои хоси лаҳҷаҳо маро бо худашон ба деҳаи Роҳатӣ бурданд. Ин чорабиниҳои гуруҳӣ, омӯзишҳои муштарак, бахусус робитаи бевосита бо мардуми таҳҷоӣ барои корҳои илмӣ ва фаъолиятҳои ояндаам хеле арзишманд буданд. Табаров он замон ҳамчун проректор оид ба илм дар роҳбаладии кори илмии ман низ то андозае иштирок дошт. Бахусус бояд профессор Ҳилол Каримовро қайд кунам, ки новобаста аз масъули дигар кафедра буданаш ҳамчун донандаи хуби забони тоҷикӣ пайваста ба ман дар таҳияи кори илмиам дар мавзӯи «рушди забони тоҷикӣ» кумак мекард. Умуман, дар дипломи ман, ки 14 июни соли 1958 судур шудааст, соядастони устодон С.А. Раҷабов, С.Ш. Табаров, Д.Т Тоҷиев ва Ҳ.К. Каримов меистанд.
Ногуфта намонад, ки аз кормандони Академияи илмҳо, профессор М. Фозилов, Абдулғанӣ Мирзоев, ки ӯро соли 1964 дубора зимни баргузории Конгреси байналмилалии шарқшиносон дар Деҳлӣ дидам, хеле сипосгузорам.
Бояд қайд кунам, ки доираи дӯстии ман танҳо миёни тоҷикшиносону эроншиносон маҳдуд набуд. Ҳангоми танаффусҳои нисфирӯзӣ мо дар ҳавлии донишгоҳ дар ошхонае ки муваққатан дар ҳавои кушод сохта буданд, бо кормандону омӯзгорон оши палов, шашлик ва ё шурбохӯрон суҳбат мекардем. Чун ягона меҳмон аз ин қисмати Аврупо будам, бо камоли майл ба ҳамсабақону таваҷҷуҳмандон дар бораи кишвари худам ҳам, ки он замон (то 3 октябри соли 1990) танҳо як қисми Олмони имрӯзаро дар бар мегирифт, ҳикоя мекардам.
Аз дигар нафароне, ки номи онҳоро нагирифтам, хоҳиш дорам ки маро бубахшанд. Бо гузашти анқариб ним аср ман ҳанӯз ҳам бо изҳори сипос ёди он рӯзҳо ва ҳамаи онҳо мекунам.
ДУШАНБЕ – МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШАРҚШИНОСӢ
Донишгоҳи давлатии Душанбе ҳамеша маркази шарқшиносӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми сафарҳои минбаъдаи худ ман он ҷо олимони зиёдро аз гушаҳои мухталифи дунё вомехӯрдам. Бо В. С, Расторгуева, А.З. Розенфельд, Д. С. Комиссаров ва бисёр нафарони дигар, ки дар ташаккули забони тоҷикиву форсӣ бисёр корҳои илмӣ анҷом додаанду ман бо онҳо ман дар оянда ҳамкорӣ доштам, маҳз дар Душанбе шинос шудам. Замони дар Душанбе қарор доштанам шарқшиносони он солҳо ҷавон В. И Лившитс ва Е.М Орански дар Тоҷикистон кор мекарданд. Мулоқоти ман бо профессор А.А. Семенов, марди пиронсоли бурутдор ва дар сар кулоҳи хасину дар тан куртаи хоси русӣ, ки бароям донандаи хуби таърихи Аморати Бухоро ба ҳисоб мерафт, фаромушношуданӣ буд.
Ман маҳз дар Тоҷикистон имкон доштам бо яке аз беҳтарин донандагони адабиёти тоҷик, олими чех Иржи Бечка шинос шавам. Ин шиносоӣ бо мурури замон ба дӯстии мустаҳкам табдил ёфт. Ман дар ҳамоишҳои байналмилалӣ роҷеъ ба забони тоҷикӣ маърӯза мекардаму Бечка бошад дар бораи адабиёти тоҷик баромад мекард.
БАЪДИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН
Cафари ман ба Тоҷикистон дар марҳалаҳои минбаъдаи ҳаётам таъсири амиқ гузошту маро водор кард, ки дар баробари забону адабиёти форс ба улуми Осиёи Марказӣ низ машғул шавам. Соли 1967 дар ҳамкорӣ бо устод ва дӯстам Бузург Алавӣ «Китоби дарсии забони форсӣ»-ро таҳия ва чоп кардем. Соли 1977 маро ҳамчун устоди забони тоҷикӣ ва забонҳои осетии донишгоҳи Ҳумболдти Берлин таъин карданд. Он вақтҳо мо хеле кӯшиш кардем, то дар ин донишгоҳ риштаи афғоншиносӣ низ таъсис ёбад. Соли 1987 ман профессори бахши шарқшиносии ҳамин донишгоҳ ва ҳамин тариқ масъули ҳама самтҳои бахши шарқшиносӣ гардидам, ки дар баробари форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ, пашту, осетӣ, курдӣ инчунин дигар забонҳои қадимаи эрониро низ дар бар мегирифт. Баъди муттаҳидии ҳар ду Олмон бо ташаббуси ман дар Донишгоҳи Ҳумболдт самти нави таҳсил зери унвони Илмҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, ки ман онҷо то соли 1993 ба таълими забонҳо, забон ва адабиёти тоҷик ва мардумони Осиёи Марказӣ машғул будам. Баъди ба нафақа баромадан кори маро шогирдонам давом дода истодаанд.
Дар даврони пирӣ кас барои андеша вақти кофӣ дорад. Ҳар замоне ки даврони ҷавониро пеши назар меорам, симои дӯстонам, Тоҷикистон ва лаҳзаҳои сафарам дар ин кишвар пеши назар меоянд. Эҳ чи қадар давраҳои хуб буд. Ман ба Тоҷикистони офтобӣ ва мардуми наҷиби он сулҳ ва некӯаҳволии афзоянда таманно дорам. Ба ҳама нафароне ки дар таҳияи кори илмии ман саҳм гузошта бароям дӯстиву садоқати бемисл ато карданд, миннатдорам.
Манфред Лорентс,
Берлин, соли 2017».