Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон доир гардид

Октябрь 15, 2020 14:50

 ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 октябр тариқи видеоконференсия мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб бино ба дархости ҷониби афғонистонӣ доир гардид.

 Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои гуногун ва раванди омодагӣ ба нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», ки қарор аст дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ гардиданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 15, 2020 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид