ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони суст меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барфи суст дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддатнокии то 13+18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шимолу-шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйиёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар ааст. Танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст (дар баландиҳои зиёда аз 3000метр барф) меборад. Шамол аз самти шимолу-шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ шимолу-шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






