Рустам Назарзода дар Конфронси онлайнии Осиё оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ иштирок кард

Октябрь 21, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар Конфронси Осиё оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар қароргоҳи Маркази коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Кобеи Япония мегузарад, тариқи онлайн сухан гуфт.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Рустам Назарзода  дар бораи натиҷаҳои бадастомада дар татбиқи афзалият ва вазифаҳои барномаи қолабии Сендай дар Тоҷикистон, аз ҷумла нақши ҳамоҳангсози Платформаи миллӣ дар ин самт, инчунин дар бораи системаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар мамлакат қабул шудааст, дар мавриди Барномаи тасдиқшудаи рушди Кумита барои солҳои 2018-2022, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2018-2030 ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо маълумот дод.

Ҳадафи асосии конфронс такмили ҳамкории минтақавӣ дар мубориза бо офатҳои фаромарзӣ, масъалаҳои татбиқи барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад.

Иштирокчиёни конфронс мавзӯъҳои муҳим, аз қабили инфрасохтори тобовар ба офатҳои табиӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар коҳиши хатари офатҳо, ҷинсият (гендер) ва фарогирӣ, омодагӣ ва огоҳӣ ва афзоиши сармоягузориҳоро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Бояд гуфт, ки соли 2019 конфронси  Осиё оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар пойтахти Туркия-шаҳри Анқара баргузор шуда, тибқи қарори он мебоист ҳамоиши навбатӣ имсол дар шаҳри Душанбе доир мешуд. Аммо ба сабаби пандемияи коронавирус  қарор шуд, ки ин конфронс онлайн баргузор шавад.

Октябрь 21, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар