Сарвазири мамлакат дар Душанбе бо ҷараёни тадбирҳои омодагии иншооти соҳаи барқу гармидиҳӣ ба мавсими сармо шинос шуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо рафти тадбирҳои омодагии иншооти соҳаи барқу гармидиҳӣ ба мавсими сармо шинос шуд. Сарвазири мамлакат нахуст бо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 шинос шуд.
Ба хотири бе мушкилӣ сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» 1 миллиону 300 ҳазор тонна ангишт захира карда мешавад. Ҳамарўза аз конҳои захиравӣ кашонидани ангишт идома дошта, то имрўз дар анборҳои Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» беш аз 922 ҳазор тонна ангишт захира гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки неруи барқ ва гармӣ, ки дар давраи тирамоҳу зимистон дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 истеҳсол мешавад, боиси сарфа гардидани неруи барқи аз неругоҳҳои барқи обии мамлакат истеҳсолшаванда мегардад. Иқтидори Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 истеҳсоли 400 мегаватт неруи барқ ва 235 Гкаллория гармӣ мебошад.
Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, имрўзҳо дар иншооти мазкур мутахассисони варзидаи ватанӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд барои таъмини сокинони пойхтахти мамлакат бо неруи барқ ва гармӣ шабонарўзӣ фаъолият доранд.
Сипас дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласа баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа масъалаи тақвият бахшидани ҷараёни кашонидани ангишт ва захираи он, ҷоннок намудани фаъолияти иншооти барқу гармидиҳӣ, пайваст намудани иншооти таъйиноти гуногун бо шабакаҳои гармидиҳӣ ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда фикру мулоҳизаҳои судманд пешниҳод гардид. Барои бе мушкилот сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Барқи тоҷик» ва дигар сохторҳо ҷоннок намудани фаъолият тақозо карда шуд.
Дар идома Сарвазири мамлакат аз ду нуқтаи пайвасткунандаи иншооти таъйиноти гуногун бо гармӣ дидан намуд.
Таъкид гардид, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар шаҳри Душанбе шумораи иншооте, ки бо гармӣ таъмин карда мешаванд, 2511 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 1269 иншоот дар ноҳияи Сино, 500 иншоот дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 500 иншоот дар ноҳияи Шоҳмансур ва 242 иншоот дар ноҳияи Фирдавсӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 331 иншоот зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ то имрўз 98 дарсади иншооти ба қайд гирифташуда барои қабули гармӣ омода карда шудаанд.
Ҳамчунин имрўзҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ба Шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст намудани қариб 300 иншооти дигар корҳо идома доранд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аснои шиносоӣ масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки фаъолияти дастаҷамъонаро тақвият бахшида, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳарчи зудтар таъмин намудани сокинони пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бо гармӣ аз имконоти мавҷуда мақсаднок истифода баранд.











Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад






