Сеюмин ҷаласаи Платформаи шарикӣ байни Тоҷикистон ва САҲА дар шакли видеоконференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16 октябр /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр сеюмин ҷаласаи Платформаи шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шакли видеоконференсия баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар видеоконференсия ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати САҲА-ро иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА Туула Юрёла роҳбарӣ намуданд.
Ҷонибҳо фаъолияти САҲА-ро дар ҷумҳурӣ дар чорчӯби се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ баррасӣ карданд.
Зимни суханронӣ Музаффар Ҳусейнзода иброз дошт, ки «дар паҳнои САҲА чунин абзори ҳамкорӣ ва гуфтугӯ миёни кишвари мизбон ва Созмон бо иштироки доираи васеи коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор беназир арзёбӣ мегардад. Нишасти мазкур ба мо имкон медиҳад, ки бознигарии комили ҳамкории дуҷонибаро тариқи коркарди лоиҳаҳои муштарак дар се ченаки Созмон таъмин намоем».
Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли САҲА дар навбати худ аҳамияти Платформаи шарикии машваратиро ҳатто дар шароити душвори бемории ҳамагири COVID-19 ҷиҳати идомаи ҳамкории қавӣ ва амалӣ байни САҲА ва Тоҷикистон таъкид кард. Номбурда Дафтари САҲА-ро барои андешидани иқдоми фаврӣ дар мутобиқсозии фаъолияти худ ҷиҳати дастгирии Тоҷикистон ситоиш кард. Иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли Созмон инчунин аз нақши Тоҷикистон дар густариши ҳамкории қавии минтақавӣ ва таҳкими субот дар минтақа изҳори сипос кард. Номбурда аз ҷумла фаъолияти Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршадро дар Душанбе зикр намуд.








Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид






