ТАВСИЯИ МУТАХАССИС: Моҳи октябрро кишоварзон бояд самаранок истифода баранд

Октябрь 14, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бинобар тавсияи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, аз аввали моҳи октябр шабона ҳарорати ҳаво паст ва рӯзона баланд гардида истодааст, ки ин барои нашъу намои ҳосили дар саҳро буда мусоидат мекунад. Ин гуна боду ҳаво имкон медиҳад, ки то охири мавсим ҳосили дар пахтазор буда пурра шукуфта ва ҷамъоварӣ гардад. Пахтакорони мамлакатро мебояд, ки аз ин гуна рӯзҳо ва боду ҳавои мусоид самаранок истода баранд.

Имсол кишоварзони мамлакат дар майдони 186 ҳазору 156 гектар кишти пунбадона гузарониданд. Аз аввали мавсим то 10 октябр дар  вилояти Хатлон 172 ҳазору 394 тонна  ё 62,0 фоиз, дар Суғд 63 ҳазору 147 тонна ё 48,8 фоиз ва дар навоҳии тобеи марказ 3116 тонна пахта, ки 48,3 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад,  ҷамъоварӣ шудааст.

Тибқи маълумоти Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар ҷумҳурӣ аз аввали мавсим то 10 октябр 238 ҳазору 657 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 56,7 фоизро ташкил медиҳад.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, даҳаи дуюм ва сеюми моҳи  октябр дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ эҳтимоли пастшавии ҳарорати ҳаво  мавҷуд буда, боронҳои кӯтоҳмуддат, вазиши шамол ва чангу ғубор дар назар аст. Шабона ҳаво аз 9+14 то 6+11 дараҷа ва рӯзона аз 19+24 то 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо 13+14 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5+7 дараҷа гарм мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ  пастшавии ҳарорати ҳаво дар ин минтақа  пешгӯӣ мегардад.

Октябрь 14, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»