Вақти зинда мондани коронавирус дар пӯсти инсон 9 соатро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коронавирус назар ба зуком метавонад дар пӯсти инсон панҷ маротиба бештар фаъолятнокии худро нигоҳ дорад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, тадқиқоти дахлдор дар маҷаллаи «Clinical Infectious Diseases» нашр шудааст.
Модели сохтаи олимони Донишгоҳи префектураи Киото (Япония) имкон медиҳад, ки ҳангоми таҳқиқоти клиникӣ патогенҳо ба таври аёнӣ ва бехатар ба пӯсти инсон ворид карда шаванд. Пас аз ин мутахассисон устувории SARS-CoV-2 ва вируси зукоми А (IAV) -ро бо муҳити атроф ва ё луоби роҳҳои болоии нафаскашӣ омехташударо арзёбӣ карданд.
Маълум шуд, ки SARS-CoV-2 ва IAV дар пӯст нисбат ба сатҳҳои дигар, аз ҷумла пӯлод, шиша ё пластмасса зудтар ғайрифаъол шудаанд. Дар айни ҳол, вақти зинда мондани SARS-CoV-2 ба ҳисоби миёна 9.04 соат ва IAV — 1.82 соатро ташкил дод.
Муҳаққиқон зикр карданд, ки зарраҳои ҳарду вирус бо истифода аз дезинфексия аз пӯсти одам пурра нобуд мешаванд.
АКС аз манбаъҳои кушода








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






