ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Латукӯби писари муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Маҳмурод Одинаев ба фаъолияти сиёсии ӯ рабт надорад

Октябрь 8, 2020 10:53

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯзи охир  дар шабакаҳои иҷтимоӣ  хабаре чарх мезанад, ки дар он муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев 4 октябри соли равон дар назди тарабхонаи «Шоми Шӯроб»-и деҳаи Шӯроби авғони Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор шабона аз ҷониби афроди ношинос латукӯб гардидани   писараш — Ризоев Шайхмуслиҳиддини 24-соларо  ба фаъолияти сиёсиаш рабт медиҳад.   Мақомоти корҳои дохилӣ ҳодисаи мазкурро баррасӣ  намуда, аз натиҷаи он  изҳорот нашр намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи таҳқиқи  қазияи мазкур  маълум гардид, ки  писари  Маҳмурод Одинаев — Ризоев Шайхмуслиҳиддин  дар ҳолати сархушӣ бо дигар муштариёни тарабхонаи «Шоми Шӯроб»  муноқиша намуда, мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Мувофиқи санади тиббӣ-судӣ  аз  6 октябри соли  равон Ш. Ризоев ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта,   аз хулосаи ташхиси мазкур огоҳ мебошад. Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  6  октябри соли 2020, бо моддаи 237, қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ  оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.

Тафсилоти баррасии парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ расонаӣ карда мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба қазияи шаҳрванд Одинаев Маҳмурод Шарифович, соли таваллудаш 1962, зодаи деҳаи Боғаки ноҳияи Рӯдакӣ, сокини деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки номбурда  оилаи носолим дошта, дар ҷомеа ҳамчун шахси моҷароҷӯ шинохта шудааст ва пайваста ба бофтану паҳн намудани маводи бардурӯғ, иғвоангез бар зидди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ машғул мебошад. Аз ҷумла:

— нисбат ба номбурда соли 2012 аз тарафи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ бо моддаи 112-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон («қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ») парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

— писараш Ризоев Суннатулло Маҳмуродович, соли таваллудаш 1987  15 январи соли 2009 аз ҷониби ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардида, нисбат ба ӯ  бо моддаи 110, қисми 3, банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардидааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Айни замон дар Муассисаи ислоҳии СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо менамояд.

— моҳи январи соли 2020 тавассути мухбири радиои «Паём.нет» дар шабакаи интернетии «Фейсбук» хабари дурӯғ ва туҳматомезеро паҳн карда буд, ки гӯё аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия писараш Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродович, соли таваллудаш 2000 рабуда шудааст. Дар ҳамин ҳолат, як рӯз баъд маълум гашт, ки писараш Одинаев Ҳ.М. бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ба муддати 10 шабонарӯз боздошт гардидааст.

— марги муқаррарии модараш Ҳабибуллоева Муҳаббатро, ки 27 сентябри соли 2020 дар синни 83 солагӣ вафот кард, тобиши сиёсӣ дода, дар байни атрофиён овоза паҳн намуд, ки аз тарси эҳтимолияти боздошти писараш (яъне худаш) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон вафот кард.

— Маҳмурод Одинаев 5 октябри соли 2020 тариқи сомонаи моҷароҷӯи «Паём.нет» видеороликеро паҳн кард, ки гӯё аз ҷониби мақомоти амниятӣ шаҳрванд Ҳакимов Алиҷон Ҷумъаевич (соли таваллудаш 2002, сокини деҳаи Чашмаи Моҳиёни ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор) барои сафарбар намудан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ боздошт шудааст, ки мубталои бемории рӯҳӣ мебошад. Ин хабар комилан бардурӯғ буда, танҳо барои паст намудани обрӯ ва манзалати мақомоти амниятӣ бофтаву пахш гардидааст. Зеро даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амният иртиботе надорад.

Октябрь 8, 2020 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Русия вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Суровикино тадбир меандешанд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар ноҳияи Хуросон бинои Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ ба истифода дода шуд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Прокуратураи генералӣ: «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд»
Намояндагони Тоҷикистон ва UNHCR масъалаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
АМАЛИЁТИ «КОРД». Милитсияи Хатлон 768 силоҳи сард дарёфт ва мусодира намуд
Дар даъвати тирамоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат 260 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мешавад
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар Минск иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бо дахолати прокуророн 142 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт шуд
Вазорати корҳои дохилӣ: «Дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон омилҳои асосии барҳамхӯрии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шарҳ дода шуд