ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Тоҷикобод ба маблағи 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёди Қасри фарҳанг идома дорад
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Қасри фарҳанг ба маблағи 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, чароғону мумфарш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи 8 миллион сомонӣ, инчунин боғи фарҳангӣ ба маблағи 12 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон идома дорад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, айни замон дар ноҳия ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Капалӣ аз ҳисоби шарикони рушд дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ кашидани хатти оби нӯшокӣ дар арафаи анҷом қарор дошта, дар шафати шоҳроҳи байналмилалӣ бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди бинои муосири ҳаммом-сауна, маркази хизматрасонию меҳмонхонаи замонавӣ идома дорад.
Дар ноҳияи Тоҷикобод то ҷашни миллӣ бунёди 77 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки алҳол 30 иншооти он мавриди истифода қарор гирифтаанд. Корҳои сохтмонӣ дар 34 иншооти дигар бомаром идома доранд.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикобод мутобиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018 — 2020 амалисозии 182 лоиҳа ба маблағи 117 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Амалишавии Барномаи мазкур ба рушди соҳаи саноат, ҷиҳати бо иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳои бекорхобида, зиёд намудани шумораи корхонаҳои саноатии хурду миёнаи ноҳия мусоидат менамояд. Дар ноҳия бунёди се коргоҳ ва корхонаҳои хурди саноатӣ дар назар аст. Айни замон корхонаҳои саноатии ноҳия, аз ҷумла корхонаҳои “Бонувони Тоҷикобод”, “Дастони моҳир” ва ҶДММ “Достон” ба дӯхтани либоси ягона барои мактаббачагон нигаронида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашни 29 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия ду бинои иловагии таълимӣ, маркази тиббӣ ва се хатти оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Айни замон сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар як қатор муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои баландкӯҳи Оби Сафед ва Дараи Нӯшор дар арафаи анҷомёбист.
Хотиррасон менамоем, ки моҳи сентябри соли равон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод бинои иловагии муассисаи таълимии деҳаи Фатҳобод бунёд шуда, инчунин нуқтаи хатти оби нӯшокии деҳаҳои Сабзазор ва Навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳия, ки бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Ҳикматулло Собиров аз масофаи 7 км барои таъмини 300 хоҷагӣ оварда шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон муассисаҳои соҳаи маориф бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
Дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Калфи Сабади ноҳияи Ёвон майдони варзишии муосир сохта мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ таъмиру навсозӣ карда шуд
«Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик». Таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд






