ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Саҳми соҳибкорони Нуробод дар бунёди иншоот бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ назаррас аст
НУРОБОД, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми назарраси соҳибкорони маҳаллӣ якчанд иншооту биноҳои таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, бо мақсади таъмин намудани сокинони шаҳраки Дарбанд бо маҳсулоти гӯштӣ аз ҷониби соҳибкори муваффақ Анваршо Шарифов дӯкони гӯштфурӯшӣ ба истифода дода шуд.
Соҳибкор Ҷалолназари Муҳаммадсобир дар шароити имрӯза афзудани талаботи аҳолиро ба маҳсулоти сохтмонӣ ба инобат гирифта, дар маркази ноҳия мағозаи фурӯши асбобу анҷоми рӯзгор ва маводи сохтмонӣ бунёд намуд.
Аз ҷониби соҳибкорзани ҷавон Сарвиноз Ризоева дар деҳаи Яхчи Ҷамоати деҳоти Изаттулло Ҳалимов биноҳои замонавии мағоза, дорухона ва сартарошхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар назар аст, ки то баргузории ҷашни миллии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ кошонаи ҳусн ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта шаванд.
Дар деҳаи Сангдевори ҳамин ҷамоат аз тарафи соҳибкор Комил Зоиров бинои дуошёнаи маркази савдо ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд, ки таъсиси чунин иншоот барои соҳибкасб гардидани духтарони кӯҳистон шароити хуб фароҳам меорад.
Ҳамзамон дар деҳаи дурдасти Лайрони Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ аз ҷониби соҳибкор Абдуғаффор Лоиқов мағозаи дуошёна ба истифода дода шуд, ки мушкилоти деҳотиёнро осон менамояд.
Дар деҳаи Комсомолободи ноҳияи Нуробод бинои дорухона аз ҷониби соҳибкор Хуршед Собиров, маркази савдо ва сартарошхона дар деҳаи Шашволон аз ҷониби соҳибкор Раҳмон Абдураҳмонов, дар деҳаи Таг бо ибтикори соҳибкори муваффақ Шамсалӣ Расулов маҷмааи дуошёнаи хизматрасонӣ, дӯкони гӯштфурӯшӣ ва истгоҳ ба истифода дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Нуробод бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 248 иншоот ба нақша гирифта шудаю то имрӯз аз ин шумора 172 адад мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Нуробод, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон 13 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд, ки ин туҳфаи хубе ба шарафи ин санаи таърихии миллати тоҷик мебошад. Соҳибкорони ноҳия дар ҷавоб ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии рушди соҳибкорӣ, муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ ва фароҳам овардани шароити созгору мусоид бобати ривоҷи ин бахш дилгармона фаъолият доранд.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






