ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Саҳми соҳибкорони Нуробод дар бунёди иншоот бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ назаррас аст

Ноябрь 19, 2020 12:07

 НУРОБОД, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми назарраси соҳибкорони маҳаллӣ якчанд иншооту биноҳои таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, бо мақсади таъмин намудани сокинони шаҳраки Дарбанд бо маҳсулоти гӯштӣ аз ҷониби соҳибкори муваффақ Анваршо Шарифов дӯкони гӯштфурӯшӣ ба истифода дода шуд.

Соҳибкор Ҷалолназари Муҳаммадсобир дар шароити имрӯза афзудани талаботи аҳолиро ба маҳсулоти сохтмонӣ ба инобат гирифта, дар маркази ноҳия мағозаи фурӯши асбобу анҷоми рӯзгор ва маводи сохтмонӣ бунёд намуд.

Аз ҷониби соҳибкорзани ҷавон Сарвиноз Ризоева дар деҳаи Яхчи Ҷамоати деҳоти Изаттулло Ҳалимов биноҳои замонавии мағоза, дорухона ва сартарошхона  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар назар аст, ки то баргузории ҷашни миллии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ кошонаи ҳусн ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта шаванд.

Дар  деҳаи Сангдевори ҳамин ҷамоат аз тарафи соҳибкор Комил Зоиров бинои дуошёнаи маркази савдо ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд, ки таъсиси чунин иншоот барои соҳибкасб гардидани духтарони кӯҳистон шароити хуб фароҳам меорад.

Ҳамзамон дар деҳаи дурдасти Лайрони Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ  аз ҷониби соҳибкор Абдуғаффор Лоиқов мағозаи дуошёна  ба истифода дода шуд, ки мушкилоти деҳотиёнро осон менамояд.

Дар деҳаи Комсомолободи ноҳияи Нуробод бинои  дорухона  аз ҷониби соҳибкор Хуршед Собиров, маркази савдо ва сартарошхона дар деҳаи Шашволон аз ҷониби соҳибкор Раҳмон Абдураҳмонов, дар деҳаи Таг бо ибтикори соҳибкори муваффақ Шамсалӣ Расулов маҷмааи дуошёнаи хизматрасонӣ, дӯкони гӯштфурӯшӣ ва истгоҳ ба истифода дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Нуробод  бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 248 иншоот  ба нақша гирифта шудаю то имрӯз  аз ин шумора 172 адад мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Нуробод,  бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон 13 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд, ки ин туҳфаи хубе ба шарафи ин санаи таърихии миллати тоҷик мебошад. Соҳибкорони ноҳия дар ҷавоб ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии рушди соҳибкорӣ, муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ ва фароҳам овардани шароити созгору мусоид бобати ривоҷи ин бахш дилгармона фаъолият  доранд.

Ноябрь 19, 2020 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ба маблағи 30,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Вилояти Суғд бо ширкати «Инсян Групп»-и Чин оид ба истеҳсоли мошинҳо ҳамкорӣ менамояд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ғуфрониён» ва «Сӯфизода»-и ноҳияи Мастчоҳ 40 фоизи пахта барои ҷамъоварӣ омода аст
Рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст
Имсол маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар шуд
Дар Душанбе конференсияи минтақавӣ оид ба ояндаи «сабз» дар бахши таъмини гармӣ доир гардид
«AQCA 2024». Дар Алмато Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво доир шуд
Дар Душанбе нахустин Форуми миллӣ оид ба рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти беҳсозии иншооти роҳ тақвият меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канории иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ маъруза намуд
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд масоили ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар самти маблағгузории савдо баррасӣ гардид