ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Шодибек Раҷабов дар ноҳияи Муъминобод Маркази саломатии замонавӣ бунёд намуд

Ноябрь 26, 2020 10:15

 ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон  Маркази саломатии замонавӣ мавриди  истифода қарор дода шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Маркази саломатии мазкур дар деҳаи Деҳбаланди Ҷамоати деҳоти Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод  аз ҷониби соҳибкор Шодибек Раҷабов бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Маркази саломатӣ аз ҳуҷраҳои  қабули беморон, табиби оилавӣ,  ташхиси занон, хатна ва  доругузаронӣ  иборат  буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Муассисаи мазкур аз маркази ноҳияи Муъминобод 7 километр дур буда, дар Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд калонтарин муассисаи тиббӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин марказ 12 нафар табибони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба сокинони се деҳаи атрофи ҷамоат, ки дорои 605 хоҷагӣ ва 4176 аҳолӣ мебошанд, хизмати тиббӣ мерасонанд.

Ноябрь 26, 2020 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд