ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То соли 2021 дар вилояти Хатлон беш аз 940 иншооти тиббӣ бунёду навсозӣ мешаванд

Ноябрь 6, 2020 11:03

ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бунёди 532 иншооти соҳаи тандурустӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, то имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона сохта ба истифода дода шуданд.

Айни ҳол дар вилоят сохтмони иншооти калонҳаҷми соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бунёди бинои Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ бо 300 нафар қабули беморон дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома дорад.

Ҳамзамон, дар вилоят сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар сатҳи деҳот вусъати тоза касб намуда истодаанд.

Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилояти Хатлон феълан 115 адад муассисаҳои сохтори госпиталӣ ва 41 адад муассисаҳои амбулаторию госпиталӣ фаъолият доранд.

 

АКС аз шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 6, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд