Иқлими ноҳияи Темурмалик барои парвариши мурғи марҷон мусоид аст

Ноябрь 2, 2020 15:57

КӮЛОБ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони  хоҷагии деҳқонии ба номи Назрулло Қармишев дар Ҷамоати деҳоти Бобоюнус Худойдодзодаи ноҳияи Темурмалик барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии хоҷагӣ ва таъмини бозори дохилӣ  бо маҳсулоти худӣ  фермаи парвариши мурғи марҷон ташкил намуда, барои таъмини  он бо об дар чуқурии 35 метр чоҳи амудӣ канданд.  Мурғи марҷон дар ин хоҷагӣ ба таври табиӣ парвариш ёфта,  барои бехатарии маҳсулот ва сифати хуб доштани он  ба парандаҳо хӯроки консентратӣ ва химиявӣ намедиҳанд. Хоҷагии  мазкур 18 гектар замини корами лалмӣ дошта, кормандони он асосан ба ғаллакорӣ машғул мебошанд. Онҳо ҳамасола аз ин замин ҳосили хуби гандуму ҷав ба даст меоранд, ки барои таъмини фермаи мурғи марҷон  бо дон мусоидат менамояд. Ин аст, ки саршумори мурғи марҷон дар муддати кӯтоҳ афзоиш ёфта, хоҷагидорон мақсад доранд соли оянда саршумори ин навъи парандаро зиёд кунанд.

Тавре саҳмдори хоҷагӣ Лутфулло Қармишев дар суҳбат бо мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт,  “баъди бунёди ферма дар хоҷагӣ ҳамагӣ 32 сар мурғи марҷон харида будем ва дар муддати 8 моҳ саршумори он ба 300 сар расид. Соли оянда саршумори онро ба 1000 сар расониданием”.

Хоҷагидорон мегӯянд, ки ин мавзеъ барои парвариши мурғи марҷон хеле мусоид аст ва аксари сокинони деҳаи Чилчаи ин ҷамоат  низ мурғи марҷон парвариш мекунанд. Вазни миёнаи ин паранда беш аз 8 килограмм шуда, дар як сол то 250-270 тухм мегузорад.

Гарчанде заминҳои хоҷагӣ корами лалмӣ буда, нисбат ба дигар хоҷагиҳо камтар аст, хоҷагидорон аз он самаранок истифода мебаранд. Баъди ҷамъоварии ғалладонагӣ то сардиҳо ва шудгору кишти тирамоҳӣ мурғи марҷон дар ин заминҳо дон мехӯрад. Дар хоҷагии мазкур дар баробари бунёди фермаи мурғи марҷон як гармхона низ ба истифода додаанд, ки дар он 40 бех ниҳоли лимӯ парвариш меёбад.

Вобаста ба имконият роҳбарони хоҷагӣ кӯшиш доранд майдони гармхонаро васеъ намуда, саршумори парандаро низ афзоиш дода,  истеҳсоли тухмро ба роҳ монанд.

 

Ноябрь 2, 2020 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад