Барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар Тоҷикистон 12 миллион доллар маблағгузорӣ мегардад

Ноябрь 20, 2020 13:33

ДУШАНБЕ, 20.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе   Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд /АБР/, инчунин Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ ва АБР оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ)» ба имзо расонида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Созишномаҳоро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби БАТР ва АБР  Роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ян Питер Олтер ба имзо расониданд.

Маблағи иловагии пешниҳодгардида барои Лоиҳаи болозикр 12,0 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд, ки 10,0 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти АБР ва 2,0 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна (GAVI) мебошад.

Мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои фарогир аз ҳадафҳои лоиҳа мебошад. Маблағгузории дуюми иловагӣ бо мақсади таъмини устувории лоиҳаи болозикр, аз ҷумла нигоҳдории 37 муассисаи тиббии сохташуда, таъмир намудани муассисаҳои шабакаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои нави тачрибавӣ, харидории таҷҳизоти тиббӣ барои муассисаҳои болозикр ва пардохти кумакпулӣ ба мутахассисон дар асоси натиҷаҳои фаъолият пешбинӣ шудааст.

Дар доираи маблағгузории дуюми иловагӣ шумораи умумии ноҳияҳои таҷрибавӣ аз 10 то 16 адад зиёд гардида, дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ корҳои таъмирӣ дар зиёда аз 100 маркази саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон харидории таҷҳизоти тиббӣ ва ғайритиббӣ барои муассисаи шабакаи кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияҳои нави таҷрибавӣ пешбинӣ гардидааст. Бо дарназардошти маблағгузории иловагӣ маблағи умумии лоиҳа 45,0 миллион  доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва қисми асосии он аз инфрасохтори тиббӣ ва ҳалли мушкилоти муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ иборат мебошад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур, ки аз соли 2014 шурӯъ гардидааст,  то соли 2022 идома меёбад.

 

Ноябрь 20, 2020 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд