Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон мумфарш мегарданд
ЁВОН, 03.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ноҳияи Ёвон тасмим гирифтаанд, ки роҳҳои маркази ноҳияро навсозӣ ва мумфарш намоянд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон, дар навбати аввал бо саҳми соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов корҳои сохтмонии 2,1 км роҳҳои кӯчаҳои Кароматуллоҳ Қурбонов ва Мирзо Турсунзода оғоз гардида, ин кӯчаҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат мумфарш карда мешаванд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик бо иқдоми соҳибкори бунёдкор Акбар Асадулло навсозии роҳҳои кӯчаи Меҳвар оғоз карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки давоми нуҳ моҳи соли равон бо ташаббуси Баҳриддин Ҷурахонов қариб 10 км роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Ёвон таъмиру навсозӣ шуданд. Ҳоло дар назди муассисаи таҳсилотии миёнаи умумии №72 бинои иловагии таълимӣ, инчунин дар шаҳри Душанбе як муассисаи таълимии муосири панҷошёнаи дорои 1240 ҷои нишаст бунёд гардида истодааст. Ҳамчунин ин соҳибкори саховатманд имсол барои донишҷӯёни ниёзманд 365 000 сомонӣ ва барои ятимону бепарасторон 53 000 сомонӣ кумаки пулӣ расонидааст.








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






