Дафтари раиси вилояти Кундузи Афғонистон тирборон гардид — шаш тан захмӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми таркиши норинҷаки миномёт дар ҳудуди қароргоҳи волии вилояти Кундузи Афғонистон дар шимоли кишвар чанд нафар захмӣ шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии Афғонистон «Tolo News» иттилоъ додааст.
Дар хабар омадааст, ки норинҷак дар майдончаи варзишии назди бинои дафтари волӣ таркидааст. Он лаҳза кормандони муҳофиз ва хизматчиёни ситод дар майдонча будаанд. Дар натиҷаи таркиш се корманди неруҳои амниятӣ ва се корманди давлатӣ захмӣ шудаанд.
Аз қавли намояндаи волӣ, ин ҳамларо ҷонибдорони ҳаракати ифротии «Толибон» анҷом додаанд.
АКС: скриншоти видеои «Tolo News»








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






