Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба шарафи Рӯзи Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Ноябрь 14, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 14.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ дурахшонтарин чеҳрае мебошанд, ки рисолати сиёсатмадорӣ дар саропои фитраташон бо шукӯҳи тамом таҷаллӣ кардааст, нахустин тоҷике дар таърихи навин мебошанд, ки дар маснади муаззами роҳбарӣ паёмҳои миллии моро дар паҳнои ҷаҳон интишор додаю ба рағми тоҷикситезиҳою кӯтоҳбиниҳо бо хираду ҷасорати камназир Тоҷикистонро бо ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати миллии демократӣ дар анҷумани давлатҳои дунё аз мақоми арҷманде бархурдор намудаанд.

Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён дар ҷараёни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди инноватсионии мамлакат”, ки 13 ноябр  баргузор гардид, иброз дошт.

Тавре ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  дар конфронс оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ки  таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд, сухан рафт.

“Зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд.  Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат чун Пешвои миллӣ маҳбубияти азим пайдо кард ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ ба ҳайси Пешвои воқеии тоҷикон ва ҳомии нангу номуси миллат эътибори бузург ба даст овард”,- изҳор дошт профессор Нуралӣ Шоҳиён.

Ҳамзамон тариқи муаррифиномаҳо ба иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявӣ муваффақият ва ҷоизаҳои Президенти мамлакат муаррифӣ гардида, гуфта шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори фахрии Донишгоҳи Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов, дорандаи медали тиллои ЮНЕСКО, дорандаи Ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид “Расидан ба ҳадафҳои СММ”, дорандаи медали тиллои Асотсиатсияи халқҳои Россия, сазовори унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри ХХI аз ҷониби шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва чандеи дигар мебошанд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди инноватсионии кишвар”  аз 5 бахш- “Хислатҳои Пешвоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили баланд бардоштани таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқи нуфузи кишвар дар арсаи олам”, “Асосаҳои илмӣ-назариявии фарҳанги сиёсии Пешвои миллат ҳамчун омили муҳими пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар асарҳои Пешвои миллат ва нақши онҳо дар тайёр намудани мутахассисони соҳавии Тоҷикистон”, “Масоили иқтисодӣ-иҷтимоии баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа дар партави эълон гардидани солҳои 2019-2021-Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат” ва  “Аҳамияти умумимиллии мактаби созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи зебоипарастии ҷавонон-менеҷери замони муосир”  иборат буд ва он бо  забонҳои   тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифт.

 

Ноябрь 14, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад