Дар Душанбе маросими муаррифии тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Ноябрь 25, 2020 15:18

ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дорад,  23 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои қабулшуда қариб 100  номгӯй имтиёзу сабукиҳоро  дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардонидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ равона гардидаанд.

Ин нуктаро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар маросими муаррифии тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони Хадамоти гумрук, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва бахши хусусӣ доир гардид, зикр намуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзияи САИД иттилоъ медиҳад.

Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои содагардонии расмиёти савдо, беҳсозии фазои тиҷоратию сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар  ин росто,   ташаккули низоми   «Равзанаи ягона» аз ҷумлаи тадбирҳои зарурии ба тиҷорати байналмилалӣ мусоидаткунанда ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд бори нахуст дар минтақаи Осиёи Марказӣ низоми муосири Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти воридотию содиротӣ ва транзитиро шурӯъ кард ва он 1 сенятбри соли равон мавриди истифода қарор дода шуда,  иттилоот ва ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ барои иҷрои расмиёти марбут ба содироту воридот ва транзит ба мақомоти марбутаи давлатӣ тавассути шабакаи ягона пешниҳод карда мешаванд.

Давлаталӣ Саид  бо дахли нақши мақомоти гумрук дар таъмини  амнияти иқтисодӣ иброз дошт, ки  нақши Хадамоти гумрук дар содагардонии расмиёти савдо, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва  иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути  сарҳади гумрукӣ ва таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ муассир мебошад. Ба андешаи муовини авали Сарвазири мамлакат, тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ки  дар доираи  амалисозии чорабиниҳои   Барномаи дастгирии  давлатии соҳибкорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст,  дастрасии иштирокчиёни  фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба муҳтавои меъёрҳои қонунгузории гумрукӣ васеъ намуда,  ба бештар гардидани фаъолияти ҳуқуқтаъминкунии мақомоти гумрук ва ташаккули низоми шаффофи савдои хориҷии мамлакат мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар маросими муаррифии  тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал –майори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода доир ба таҳияи тафсири Кодекси гумурки Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки  «таҳияи тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷрибаи нахустини  шарҳи қонунгузории  гумрукӣ маҳсуб ёфта,  дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ гардидааст. Ҳадафи он  амалисозии  Барномаи дастгирии  давлатии  соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2012-2020 ва татбиқи ҳадафҳои  «Барномаи миёнамуҳлати  рушди мақомоти гумруки  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои   2020-2024» мебошад».

Хуршед Каримзода зикр кард, ки бо мақсади  таҳияи тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  бо ҷалби доираи васеи  олимону мутахассисони  соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ ва иқтисод аз Маҷлиси миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод, Донишгоҳи славянии  Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорат, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва мақомоти гумрук гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуда буд.  Баъд аз баррасии  шарҳу тавзеҳи  гурӯҳи корӣ моҳи октябри соли  равон тафсири Кодекси гумрук  бо назардошти  тағйиру иловаҳо аз 2 январи соли 2020  бо забони давлатӣ  ба табъ расид. Ҳамзамон бо ташаббуси  Хадамоти  гумрук  бо мақсади огоҳӣ пайдо намудани  доираи васеи хонандагон  ва дастрасӣ  доштани шарикони   хориҷӣ аз муҳтавои  қонунгузории  гумруки мамлакатамон  тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони  русӣ ҳам нашр гардид.

Мусаллам аст, ки Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади асосии  меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ  буда, тафсири он бо мақсади дурусту дақиқ   огоҳ шудани  кормандони мақомоти гумрук, дигар мақомоти  ҳокимияти давлатӣ, иштирокчиёни  фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ  ва доираи васеи хонандагон  аз мазмуну муҳтавои  муқаррароти Кодекси гумруки  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба он алоқаманд мусоидат хоҳад кард. Дар маҷмӯъ тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сатҳи маърифати  ҳуқуқии ҷомеа нигаронида шудааст.

Ноябрь 25, 2020 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд