«Сарсабзии пойтахт — мароми мо, ҷавонон», оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сарсабзии пойтахт-мароми мо, ҷавонон» маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободониву созандагӣ оғоз гардид. Дар маросими ниҳолшинонӣ ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои оливу касбии таълимӣ, масъулини соҳаи маориф, тандурустӣ, шӯроҳои кор бо ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳо, варзишгарону масъулини соҳаи кор бо ҷавонон иштирок доранд.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқдоми мазкур дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ шуда, дар назар аст ҳар рўзи шанбе ин ташаббус дар дигар минтақаҳои мамлакат низ баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
Ёдовар мешавем, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни оғози мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди пойтахт даъват намуданд. Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти ороишиашон дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардидааст. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.
Муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум садо дод, ҳамчун пешниҳоди ҷолиб дар таъмини муҳити тозаи экологӣ миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба миён овард.








ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд






