Дар Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 ноябр дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва дигар кормандони масъули Вазорат ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Даврон Деҳқонов ва дигар масъулин ширкат варзиданд.
Зимни ҷаласа масоили ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, кушодани хатсайрҳои иловагии байналмилалӣ дар самти мусофирбарӣ ва транзит, ворид намудани тағйирот ба Созишномаи амалкунанда бо мақсади содагардонии раванди ҳамлу нақл бо нақлиёти автомобилӣ, мубодилаи рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар соли 2021, мубодилаи таҷриба оид ба ҷорӣ намудани рақамикунонӣ дар нақлиёт ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас оид ба масоили муҳокимашаванда Протокол ба имзо расид, ки онро аз ҷониби Тоҷикистон муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода ва аз тарафи Ӯзбекистон муовини вазири нақлиёт Даврон Деҳқонов ба имзо расониданд.








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






