Дар Маҷлиси намояндагон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷашнӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ- ин иди фархунда ва изҳори эҳтирому қадршиносӣ ба ин рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «Парчам барои ҳар миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ифтихору ғурурӣ миллӣ мебошад. Аз ин хотир мардуми шарифи Тоҷикистон ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд».
Зикр шуд, ки Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол дар вазъияти басо ҳассос ва мураккаби сиёсӣ қабул гардидааст. Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуда, ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав, сарвари оқилу ҷасур ва ватандори асилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард, ки он кас Тоҷикистонро на танҳо аз вартаи нобудшавӣ раҳониданд, балки масири рушди босуботи ояндаро муайян ва ба тарҳи зиндагии шоистаи минбаъдаи мардум заминаҳои боэътимод гузоштанд.
24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва бо ҳамин давлати мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии соҳибистиқлолӣ гардид.
Ҳамин тавр бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 ноябри соли 2009 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола таҷлил мегардад.
Зимни ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қосим Қодир ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ роҷеъ ба Рӯзи Парчами давлатӣ, нақш ва моҳияти он дар ҳаёти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сухан гуфтанд.








Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд






