Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори таърихии Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр бошукӯҳ таҷлил мешавад, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, зимни ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Мавсуф аз хизматҳои бешумори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватанамон беандоза бузург аст.
Ҳамин аст, ки хурду бузурги мамлакат Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ифтихори баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату қадршиносии хизматҳои таърихии Пешвои миллат пешвоз гирифта, тамоми дастовардҳои даврони президентиро ба иқдомҳои неки Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонанд.
Аслан тибқи назари коршиносу сиёсатшиносон, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.
Дар маҷмӯъ, ба таври мухтасар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни бузурги миллӣ, рамзи муҳаббату вафодорӣ, тантанаи хираду мардумсолорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ном бурдан мумкин аст.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода дар мавзӯи «Рӯзи Президент- ҷашни миллии тоҷикон» ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол» сухан гуфта, роҷеъ ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ибрози андеша намуданд.








Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид






