Дар Саридораи геология бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 13, 2020 14:02

ДУШАНБЕ, 13.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр бошукӯҳ таҷлил мешавад, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи тантанавиро Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро  бо  фарорасии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуд. Мавсуф аз хизматҳои бешумули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди  давлатдории навини тоҷикон ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани 16 ноябр бесабаб нест, зеро маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ-  16 ноябри соли 1994  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карда, дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ  табдил дода шуд.

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷашни қадрдонию  сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун фарди сулҳовар, ғамхори миллат мешиносаду эҳтиром мекунад. Хизматҳои беназири ин абармарди хирад ва сиёсат сабаб гардиданд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳ ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил ёфта, чун давлати  демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обрӯву манзалати хос бархурдор гардад. Воқеан рушду нумӯи ҳар давлат ба дониш, ақлу заковат, хиради инсонии Президенти ҳамон мамлакат вобастагӣ дорад.

Муовини саркотиби илмҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  доктори илмҳои ҳуқуқ Акмал Нематов дар мавзӯи “Аҳамияти ниҳоди президентӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” маърӯза намуда, зикр кард, ки таъсиси Институти президентӣ марҳилаи нави рушди давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар роҳи тасдиқи унсурҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ устувор гардид. Пеш аз ҳама, зарурати пурзӯр намудани ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии он, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низоми давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи омилҳоянд, ки ба ташкили қолаби нави идора бо роҳбарии Президент дар Тоҷикистон асос гузоштанд.

Ниҳоди президентӣ ниҳоди демократӣ мебошад. Ин ниҳод маҳз дар партави ақидаҳои демократӣ ба вуҷуд омадааст. Таъсиси институти президентӣ марҳилаи нави рушди давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар роҳи тасдиқи унсурҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ қадами устувор гардид. Маҳз ҷорӣ кардани ниҳоди президентӣ боиси рушди устувор ва пешрафти бемайлон ва бесобиқаи идораи давлатӣ ва раёсати ҷумҳурӣ гардид.

Доктори илмҳои ҳуқуқ Эмомалӣ Буриев зимни маърӯза дар мавзӯи “Ниҳоди президентӣ: таърих ва имрӯз” таъкид кард, ки барои он ки аҳамият ва мавқеи калидии ниҳоди Президент дар давлатдории муосири миллати тоҷик ва ҳаёти тоҷикистониён дарк гардад, бояд таърихи пайдоиш ва ташаккул, омилу сабабҳои муассир ба ворид намудани он ба ҳаёти сиёсӣ ва нақши онро дар ҳаёти муосир таҳлил намуд.

Инчунин зикр гардид, ки таъмини фазои орому босубот, волоияти қонун, ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сол то сол дар ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардорад. Ин ҳама дастовардҳои арзишманд бевосита ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд.

Дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи шукргузорӣ аз озодӣ ва эҳтиром гузоштан   ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ мебошад.

Ноябрь 13, 2020 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад