Дар Тоҷикистон зиёда аз 3,6 миллион тонна семент истеҳсол шудааст

Ноябрь 26, 2020 12:38

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои сементбарории  Тоҷикистон истеҳсоли ин маҳсулоти сохтмониро зиёд намуданд. Тибқи маълумоти бахши саноат, аз аввали соли равон дар мамлакат беш аз 3,6 миллион тонна семент истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда 2,4% ё худ нисбат ба нишондиҳандаҳои моҳҳои январ-октябри соли 2019 87,1 ҳазор тонна зиёдтар аст, хабар медиҳад “Авесто”.

Тибқи иттилои манбаи агентии “Авесто”, дар айни ҳол 13 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд ва иқтидори солонаи онҳо 4,7 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Истеҳсол ва содироти семент ҳар сол афзоиш меёбад. Аз ҷумла,  соли 2018 корхонаҳои саноатии Тоҷикистон беш аз 3 миллиону 844,2 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2017 23,3% зиёдтар аст.

Соли 2019 ин нишондиҳанда 4,2 миллион тонна сементро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 тақрибан 400 ҳазор тонна зиёдтар аст. Соли гузашта Тоҷикистон 1,5 миллион тонна сементро ба маблағи 68,1 миллион доллар содир кард.

Ин навъи масолеҳи сохтмонӣ асосан ба Ӯзбекистон — 980 ҳазор тонна, Афғонистон — 576 ҳазор тонна ва Қирғизистон — 80,6 ҳазор тонна содир мешавад.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 660 ҳазор тонна семент содир шудааст: 333,6 ҳазор тонна ба Ӯзбекистон, 294,6 ҳазор тонна ба Афғонистон ва 40 ҳазор тонна ба Қирғизистон.

Маблағи умумии даромад аз фурӯши ин навъи масолеҳи сохтмонӣ 27,3 миллион долларро ташкил додааст.

 АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 26, 2020 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи таҳвили нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон ба Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сарвазири Гурҷистон аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Тоҷикистон боздид намуд
Дар Бишкек масъалаи татбиқи лоиҳаи Хати лӯлаи гази транзитии «Осиёи Марказӣ – Чин» баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Муколамаи вазирони энергетика дар қолаби «Русия + Осиёи Марказӣ» баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Созишнома ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» беш аз 200 ширкати ватанӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ татбиқ мегардад
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2026 баргузор шуд
Истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бо намояндагони СММ баррасӣ шуд