Байни Тоҷикистон ва Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми музокироти расмии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосии Ёддошти тафоҳум фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкории судманди тарафайн дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Дар доираи ин санад ҳамкорӣ дар самтҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии муштарак ва такмили ихтисос, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони соҳаи кишоварзии тарафайн, муҳофизати растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, мубодилаи маълумоту иштирок дар конфронсҳо, машваратҳо ва намоишгоҳу ярмаркаҳо ба роҳ монда мешавад.
Инчунин дар назар аст, ки ҷонибҳо доир ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи эко-туризм ва агро-туризм низ ҳамкориро ба роҳ монанд.
Тибқи ин санад, мутобиқи қонунгузории миллии давлатҳои худ барои ташкил ва барқарор намудани равобит байни субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва захираҳои моддию техникӣ барои рушди соҳаи кишоварзии тарафайн шароити мусоид фароҳам меоранд.
Бо мақсади ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум гурӯҳҳои муштараки корӣ таъсис дода шуда, вохӯриҳо ва машваратҳои дуҷониба ташкил карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






