Даргузашти шоир Сафар Аюбзода

Ноябрь 22, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе имрӯз шоири маъруф Сафар Аюбзодаи Маҳзун аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Сафар Аюбзодаи Маҳзун соли 1956 дар деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таваллуд ёфта, дар Боғи Ҳабиби ноҳияи Мӯъминобод ба камол расидааст.  Фаъолияти  меҳнатиаш, баъди хатми  факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб, дар ноҳияи Вахш аз омӯзгорӣ сар шуда, баъди чанд моҳи муаллимӣ ба шуъбаи маорифу фарҳанг ва адабиёти рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ба кор гузаштааст. Аз ҳамон  айём дар соҳаи матбуоту фарҳанги маҳаллию ҷумҳуриявӣ фаъолият дошт.

Нахустин шеърҳояш аз ҳангоми донишҷӯйӣ  дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шудаанд. Муаллифи китобҳои шеъри «Нафаси ишқ», «Шарораи шавқ», «Ай ишқ, наҷотам деҳ!», «Ранҷи ишқ ширин аст», «Саду як дарди ишқ», «Сурайёнома», «Гулбоз», «Ҷоно, падару модарат аз ёд мабар!», «Афсонаи шодӣ», «Бадеҳаи ашк», «Таронаи ишқ», «Давлати ишқ», «Таронаи ифтихор», «Сад пора дили маҳзун» ва ғайра мебошад.

Асарҳои саҳнавии ӯ «Базми хосаи Мушбону», «Ашӯламоҳ ва Фалакбой», «Чароғи маърифат», «Гуфтугӯ бо театр», «Моҷаро» ва ғайра дар театрҳои гуногуни мамлакат саҳнагузорӣ шудаанд.

Оҳангсозони номӣ Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоеа, Фаттоҳ Одинаев, Амирбек Мӯсоев, Мирзоватан Миров, Қудратулло Ҳикматов ба матни баъзе аз ашъораш оҳанг бастаанд.

Шеъру асарҳои саҳнавии алоҳидаи нависандаи олмонӣ П. Вайс, адибони рус В. Сергеева, О. Журавлёва, Н. Беседин, В. Березев ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» тақдир карда шудааст. Дорандаи ордени Бунёди фарҳанги «Шараф ва мардонагӣ»-и  Санкт Петербург, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  ба номи Абулқосим Лоҳутӣ,  Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистон ва   Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон мебошад.

Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ дар саҳифаи худ дар Facebook навиштааст: «Сад афсус, ки боз як нафар шоири соҳибқаламу писандидаи мардум, инсони андешапарасту шикастанафс, ҳамкору ҳампеша — Сафар Айюбзодаи Маҳзун дунёи моро тарк гуфт.

Ӯ марди оилаву рӯзгор, марди адабиёт, дӯсти содиқу меҳрубон буд. Мо ҳамроҳ солҳо бори эҷодии маҷаллаи «Фирӯза»-ро кашидаем.

Се моҳ кабл куллиёти ашъораш  «Таронаборон»-ро манзури хонандагонаш гардонд. Аз он комёбиаш шод будем, бехабар аз он, ки гуфтугӯи охиринаш бо дӯстдорони каломи бадеъ будааст… Ёдаш бахайр! Охираташ обод, ҷояш ҷаннат бод!».

                                                  АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд