ФУТЗАЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард
ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе барои анҷом додани бозиҳои дӯстона бо дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд рафт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе бо худ ба Ӯзбекистон 14 бозингар – 3 дарвозабон ва 11 бозингари бо маҳорати майдониро бурдааст. Вале бозингарони дастаи «Сипар»-и Хуҷанд Собирҷон Гулаков ва Иқбол Воситзода, инчунин Умед Қузиев аз дастаи «Соро компания»-и Душанбе ба иллати осеб дидан дар бозиҳои дӯстонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок намекунанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона, ки дар шаҳри Олмалиқ доир мегардад, 18 ноябр бо дастаи мунтахаби Қирғизистон ва 19 ноябр бо дастаи мизбон – Ӯзбекистон рақобат мекунад. Ин бозиҳои дӯстона дар доираи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи чемпионати футзали Осиё доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки чемпионати Осиё аз 23 март то 3 апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Ветнам ва Уммон рақобат хоҳад кард. Аз рӯи натиҷагирии чемпионати футзали Осиё дар Кувайт панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2021 мушарраф мешаванд. Мусобиқаи чемпионати футзали ҷаҳон аз 12 сентябр то 3 октябри соли 2021 дар Литва доир мегардад.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо дастаҳои миллии Қирғизистон ва Ӯзбекистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»-и Хуҷанд), Муродулло Алиқулов («Соро компания»-и Душанбе), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»-и Душанбе);
Бозингарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Баҳодур Хоҷаев, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров (ҳарсе аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев (ҳарсе аз «Муҳоҷир»).
Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).
Бозиҳои дӯстона
18 ноябр (чоршанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
19 ноябр (панҷшанбе)
Ӯзбекистон – Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






