ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии нобиноёни Ҳисор кӯдакон чӣ тавр таҳсил мекунанд?

Ноябрь 13, 2020 13:03

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён аст. Ин сана бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи одамон ба онҳое, ки биноии худро комилан аз даст додаанд ва бо вазъи душвори зиндагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, қабул шудааст. Ин сана ба ёдбуди шахсияти барҷаста, муаллим ва ташкилотчӣ Валентин Гаюи, шахсе, ки нахустин мактабро барои кӯдакони нобино дар ҷаҳон кушодааст, бахшида шудааст. То асри 18 ҷаҳон чунин муассисаҳои таълимиро намедонист. Гаюи аз ҳисоби худ ва дар хонаи худ бачаҳои нобино таълим медод.

Гузориши мухбири мо.

Хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии нобиноёни шаҳри Ҳисор орзу мекунанд ва мекӯшанд, ки мисли дигарон зиндагӣ кунанд. Дар ин ҷо кӯдакон на танҳо зиндагӣ мекунанд, балки онҳо чунин бемории вазнин-нобиноиро бартараф мекунанд, мустақилиятро меомӯзанд ва аз нотавонӣ раҳо меёбанд, илмҳои гуногунро меомӯзанд.

Абубакр Мардонов, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуд, ки дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии нобиноёни шаҳри Ҳисор 120 нафар талабагони биноиашон заиф ва 112 нафар кӯдакони комилан нобино таҳсил мекунанд. Падару модарон амалан аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ фарзандони худро ба ин ҷо меоранд, то онҳо таҳсил карда, баъдан имконоти худро амалӣ кунанд.

«Дар Мактаб-интернати мо ҳоло барои таҳсили 12-сола ва истироҳати кӯдакони биноиашон заиф тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст. Яке аз шартҳои муҳими таҳсилоти муосир таъминоти моддӣ мебошад. Аз тарафи Вазорати маориф ва илми мамлакат дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҳоло хонандагон тибқи ҳамон барномаҳои таълимӣ, ки бачаҳо дар мактабҳои маъмулӣ таҳсил мекунанд, танҳо аз рӯи китобҳои махсусе, ки бо ҳуруфи Брайл навишта шудаанд, мехонанд», — гуфт Абубакр Мардонов.

Аллакай соли дуюм аст, ки дар заминаи мактаб-интернат матбаа фаъолият мекунад ва имкон медиҳад, ки муассисаи таълимиро бо адабиёти зарурӣ  барои хонандагон таъмин кунад.

Дар Мактаб-интернат кӯдакон тибқи як реҷаи муайян зиндагӣ ва таҳсил мекунанд ва сипас вақти истироҳати худро фоиданок мегузаронанд. Барои онҳо маҳфилҳои махсуси таълимии инкишофдиҳанда, аз ҷумла шоҳмоту шашка, буриш ва дӯзандагӣ, ҳунарҳои гуногун, таҳия ва таъмири пойафзол, инчунин синфи мусиқӣ ташкил шудаанд. «Барои хонандагони синфҳои болоӣ курсҳои масҳ ташкил шудаанд ва ин ба онҳо имкон медиҳад, ки ихтисоси ояндаи худро интихоб кунанд. Дар муассисаи таълимии мо камбуди кадрҳо вуҷуд надорад. Ҳоло дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мутахассисон оид ба таълими кӯдакони нобино ва ё биноиашон заиф омода карда мешаванд», — гуфт Абубакр Мардонов.

Тавре сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Мусамиров иттилоъ дод, дар Тоҷикистон 4 мактаб-интернат барои кӯдакони нобино ва биноиашон заиф фаъолият мекунад, ки бо адабиёти махсус таъмин шудаанд ва дар онҳо 456 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, аз он ҷумла 141 нафари онҳо духтарон мебошанд.

«Тибқи нақшаи ин муассисаҳо, омӯзгорон ва мураббиён дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии Институти ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва дар филиалҳои он дар ш. Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, Хуҷанди вилояти Суғд ва Душанбе ихтисоси худро такмил медиҳанд», — шарҳ дод Давлаталӣ Мусамиров.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин муассисаҳо пурра бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин мебошанд. Ҳар сол тибқи дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ ба ин муассисаҳо мутахассисони зарурӣ фиристода мешаванд. Мояи хушнудист, ки хатмкунандагони ин мактабҳо пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ ба кор бармегарданд.

Тибқи қонунгузорӣ, ба шахсони дорои маъюбии гурӯҳи муайян, ки ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил мешаванд, имтиёзҳо дода мешаванд. Аз ҷумла, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 метавонанд аз рӯи ихтисосҳои интихобнамудаашон таълим гиранд, ба натиҷаҳои имтиҳонҳояшон 150 хол илова карда мешавад (дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар бораи маъюбӣ).

«Ҳар сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмир ва хариди таҷҳизот кумаки молиявӣ ҷудо мекунанд», — зикр намуд мусоҳиб.

                                                             Елена БАТЕНКОВА,
                                                                     АМИТ «Ховар»

ДАР АЙНИ ЗАМОН…

  • Тибқи маълумоти раиси Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон Жантемир Нормуродов, имрӯз дар он тақрибан 8100 нафар шахсони биноиашон заиф  ва ё комилан нобино мавҷуданд.
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳдномаи Марокашро дар бораи мусоидат ба дастрасии нобиноён ва шахсони дорои нуқсонҳои биноӣ ё дигар имконоти маҳдуд тасвиб намудааст.
  • Маъюбони гурӯҳҳои муайян барои пардохти маблағи хидматрасонии коммуналӣ ва нақлиёт, табобати ройгон дар санаторияҳо ва осоишгоҳҳо имтиёз доранд.
  • Дар ҷумҳурӣ 12 корхона барои бо кор таъмин намудани одамоне, ки аз ҷиҳати саломатӣ мушкилӣ доранд, фаъолият мекунанд.
  • Дар мамлакати мо вақтҳои охир дар пиёдагузарҳо насб кардани светофорҳо барои одамони нобино оғоз шудааст, ки онҳо ба таври савтӣ вақти гузаштанро хабар медиҳанд: «Чароғак сабз шуд, марҳамат, гузаред» ва дар пиёдагардҳо дар назди қитъаи хатарноки роҳ плиткаҳои махсус гузошта мешаванд.
  • Дар Тоҷикистон барои шинохтани пулҳои коғазӣ дар тарафи чапи онҳо аломатҳои махсуси дурушт дар шакли ситорачаҳо ҷойгир шудаанд. Чунин  тадбирҳо на дар ҳама кишварҳо андешида мешаванд.
  • Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми 9 моҳи соли 2020 100 асои махсуси дар як корхонаи таҳияи узвҳои сунъии бадан сохташударо ба таври ройгон ба нобиноён ҳадя намуд.
Ноябрь 13, 2020 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид