IRS: Новобаста аз бориши беисти барф роҳ кушода аст
ДУШАНБЕ, 25.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди бориши пуршиддат ва беисти барф роҳи мошингарди Душанбе -Чанок кушода буда, ҳаракати нақлиёт, ба ғайр аз мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳо таъмин аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гузариши мошинҳои зикршуда ба хотири эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар намуди нақлиёт муваққатан боздошта шудааст. Кормандони филиали ширкат мунтазам роҳро бо маводи зиддилағжиш коркард намуда, кӯшиш доранд рафтуомади муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад.
Филиали ширкат аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳиш мекунад, ки бо омодагии ҷиддӣ ва мошинҳои дорои тири пешбар ба сафар бароянд.








«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад






