Маҷлиси XXXIII Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои ИДМ онлайн доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси XXXIII Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ, ки он тариқи онлайн доир гардид, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода иштирок ва сухан намуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, дар ҳамоиши онлайнӣ зиёда аз 16 масъалаи мубрами рӯз доир ба вазъи бозори меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аъзои Шӯро доир ба тадбирҳои андешидаи давлатҳои аъзои ИДМ дар давраи пандемияи бемории COVID-19, таҷрибаи татбиқшуда дар самти паст намудани шиддати таъсири пандемияи мазкур ба бозори меҳнат ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ гузориш доданд.
Доир ба вазъи иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешида дар давраи паҳншавии пандемияи бемории COVID-19 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода зикр дошт, ки бо мақсади дастгирии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазири аҳолӣ: маъюбону нафақахӯрон ва оилаҳои камбизоат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июни соли 2020 ба тасвиб расид. Дар ин давра тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2020, аз 1 сентябри соли равон маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия зиёд карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби вазорат нақшаи зиддибуҳронӣ барои паст намудани шиддати пандемияи бемории COVID-19 ба бозори меҳнат ва муҳоҷират таҳия шудааст, ки тибқи он якчанд чорабиниҳо дар ин самт татбиқ шуда истодаанд.
Дар ҷаласаи мазкур ҷараёни омодасозии як силсила лоиҳаҳои санадҳои намунавӣ доир ба меҳнат, меъёрбандии меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.
Зимни ҷаласа аз ҷониби иштирокдорон тасмим гирифта шуд, ки давлатҳои аъзои ИДМ дар шароити пандемияи бемории COVID-19 ҳамкории муштаракро ҷиҳати татбиқи чораҳои амалӣ ҷиҳати паст намудани шиддати таъсири пандемияи мазкур ба бозори меҳнат ва вазъи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ бояд вусъат диҳанд.
Дар ҷамъбасти он аъзои Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои аъзои ИДМ доир ба макон ва замони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро дар соли 2021 қарори дахлдор қабул намуданд.








Дар Москва ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Шурои иҷроияи Ҳизби ҳокими Туркия мулоқот намуд
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёвари Вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Австрия эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Ню-Йорк нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии парасторон дар шаҳри Мадрид иштирок намуд
Дар Душанбе рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид






