Матвиенко: Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ба таври назаррас рушд мекунанд

Ноябрь 25, 2020 11:24

ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко муҳимияти таъмини қонунгузории рушди муносибатҳои Федератсияи Россия ва Тоҷикистонро тазаккур дод. Дар ин бора ӯ 24 ноябр зимни мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори назар кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Россия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд. Муносибатҳои давлатҳои мо дар ҳама самт ба таври назаррас рушд мекунанд ва масъалаҳои таъмини қонунгузории рушди муносибатҳои мо бисёр муҳиманд. Мо омодаем онҳоро бо Шумо муҳокима намоем ва ҳамкории байнипарлумониро ҷузъи бисёр муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мешуморем», — гуфт Матвиенко зимни мулоқот дар Шӯрои Федератсия.

Ӯ афзоиши нақши парлумонҳоро «дар ҷаҳони зудтағйирёбанда» зикр кард ва омодагии вакилонро барои рушди робитаҳои наздик бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт. «Кишвари мо шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Аммо ин ҷо гап на танҳо дар бораи иқтисод, балки дар бораи соҳаи гуманитарӣ, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки барои мо низ бисёр ҳассос аст, низ меравад», — гуфт Раиси Шӯрои Федератсия.

Ба гуфтаи ӯ, муносибатҳои байниминтақавии ду давлат «бисёр хуб рушд мекунанд». «Зиёда аз 60 муассисаи Федератсияи Россия бо шарикони худ дар Тоҷикистон робита барқарор кардаанд. Фикр мекунам, ки дар доираи комиссияи байнипарлумонии мо бояд доимо назорат карда шавад, ки чӣ гуна созишҳо ҳосил мешаванд. Баъзеҳо натиҷаҳои устувору мушаххаси ҳамкорӣ дошда, баъзеи дигар то ҳол дар сатҳи тасмимҳо қарор доранд. Мо, палатаҳои болоӣ, онҳоро бояд ба ҳамкории мушаххас водор кунем», — гуфт Матвиенко.

Ӯ таъкид кард, ки Россия ба сафари Рустами Эмомалӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва баланд арзёбӣ менамояд, ки барои аввалин сафари хориҷии худ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллӣ Россияро интихоб намудаанд. «Итминон дорем, ки он ба тамоми маҷмӯи муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон такон хоҳад дод. Умедворам, ки омилҳои зиёде сабаби ба Россия омаданатон хоҳанд шуд. Мо мехоҳем минтақаҳои худро ба Шумо нишон диҳем. Ҳар як минтақа таърихи алоҳида, имконияти алоҳида ва манбаъҳои алоҳидаи таъмиқи ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ мебошанд. Умедворем, ки Шумо чунин имконият хоҳед дошт», — гуфт Раиси палатаи болоии парлумони Россия.

Барномаи боздид

«Медонам, ки Москва барои Шумо шаҳри бегона нест, Шумо дар ин ҷо таҳсил кардаед. Медонам, ки Шумо нисбат ба Москва ва сокинони он муносибати гарм доред. Шумо қаблан низ дар Москва будед, Раиси шаҳри Душанбе боқӣ мондаед. Фикр мекунам, ки 25 ноябр Шумо инчунин бо Раиси Москва гуфтугӯ хоҳед дошт», — илова кард Матвиенко.

Ӯ зикр кард, ки барномаи сафари кӯтоҳи Рустами Эмомалӣ ба Россия бисёр ғанӣ аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, имрӯз мулоқот бо раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, муовини сарвазир, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон Алексей Оверчук баргузор гардида, ҷаласаи комиссияи байнипарлумонии палатаҳои болоии парлумонҳои ҳарду давлат  доир хоҳад шуд, ки «тайи ин солҳо арзиши амалии худро собит кард».

 

Ноябрь 25, 2020 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд