Миёни хонандагони шаҳри Хоруғ озмуни «Китоби беҳтарини худсохт» доир шуд

Ноябрь 3, 2020 15:40

ХОРУҒ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№9 ва 10-и шаҳри Хоруғ озмуни «Китоби беҳтарини худсохт» баргузор гардид.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, дар доираи озмун хонандагон мазмуну моҳияти асарҳои бадеиро, ки давоми як моҳи охир мутолиа намудаанд, шаҳру тавзеҳ дода, ҳамчунин  чанд намуна аз китобчаҳоеро, ки бо кумаки волидон таълифу таҳия карда буданд, ба ҳакамон пешниҳод карданд.

Як тан узви ҳакамон Малоҳат Гулмирзоева ба ташаббускорони  лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» изҳори сипос намуда, баён дошт, ки “се сол боз ин лоиҳа дар муассисаҳои таълимии мамлакат роҳандозӣ гардида, натиҷаи хуб ҳам ба бор овардааст. Мақсади асосии лоиҳа беҳтар намудани натиҷаи хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ташвиқи фарҳанги китобхонӣ ба онҳост. Технологияи муосири коммуникатсионӣ мавқеъ ва нуфузи китобро коста гардонд ва аз хурд то бузург бештари вақти худро бо телефонҳои ҳамроҳ сипарӣ мекунанд. Дар ҳоле ки манбаи дониш танҳо ва танҳо китоб аст ва моро зарур аст, ки аз сари нав одати китобхониро миёни кӯдакон барқарор намоем. Яке аз нависандагони рус гуфтааст, ки «сӯхтани китоб- ин ҷиноят аст, аммо нахондани китоб ҷинояти бузургтар».

Яке аз бартариҳои лоиҳаи  «Ҳамроҳ бихонем» ин аст, ки дар амалӣ гардондани он дар баробари омӯзгорон, волидон низ масъулият бар дӯш доранд.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Абдураҳим Бобоев гуфт, ки “ин лоиҳа дар ҳифзу нигоҳдории китобҳои дарсию бадеӣ низ нақши муассир мегузорад. Хонандагон он китобчаҳоеро, ки бо дастони худ навишта, ороиш медиҳанд, ҳаматарафа ҳифзу нигоҳдорӣ мекунанд ва ҳамзамон  минбаъд заҳмати муаллифони асарҳои дигарро низ қадр мекунанд.  Аз овони хурдсолӣ  ҷалб намудани хонандагон ба китобхонӣ яке аз бартариҳои   лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» аст. Зеро кӯдаконе, ки аз хурдсолӣ ба китобхонӣ одат мекунанд, дигар зиндагии худро бе китоб тасаввур нахоҳанд кард”.

Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва китобҳои бадеии нависандагони ватанию хориҷӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Аз Раёсати маорифи ВМКБ хабар доданд, ки чунин озмунҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии вилоят баргузор мешаванд.

Ноябрь 3, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст
2 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд