Миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Душанбе Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва Раиси Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея (KOSHUMA) – Шим Ҷебок Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни имзои Ёддошти тафоҳуми мазкур ҷонибҳо иброз намуданд, ки ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея (KOSHUMA) дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак, аз қабили курсҳои кӯтоҳмуддат оид ба омӯзиши забони кореягӣ дар марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон, таъсиси заминаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии соҳаи кишоварзии вазорат, такмили ихтисос барои омӯзгорон ва устоҳои таълимии литсейҳои касбӣ – техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон дар назар аст.
Ҳамчунин хатмкунандагони курсҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои бонуфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бо кор таъмин карда мешаванд.
Ҳадафи ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум густариш додани ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи технологияҳои зеҳнии инсони Корея (KOSHUMA) мебошад.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






