МУБОРАК БОД! Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо барандаи медали биринҷӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони машҳури тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербия ҷараён дорад, барандаи медали биринҷӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Варзиш ТВ».
Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ пирӯз шуда, яктои онро бохт. Ӯ дар нахустин рақобаташ Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш бо усули «дард додани даст» шикаст дод, вале баъдан аз чемпиони чандкаратаи ҷаҳон Сергей Рябови рус бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.
Сипас, паҳлавони тоҷик барои ҷойи сеюм бар Ярослав Давядчук аз Украина бо ҳисоби бузурги 6:0 дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон солҳои қаблӣ низ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳои биринҷӣ гаштааст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд










Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






