Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафирони Британияи Кабир, Франсия ва Ҳамоҳангсози доимии СММ

Ноябрь 14, 2020 11:43

ДУШАНБЕ, 14.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Британияи Кабир Мэттью Лоусон, Франсия Мишел Тарран ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглуро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва рӯзномаи обро баррасӣ карданд. Вазири корҳои хориҷӣ саҳми муҳимми Тоҷикистонро дар коҳиш додани паёмадҳои тағйирёбии иқлим қайд карда, аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро, ки ба ҳалли масъалаҳои мубрами обу энергетика ва иқлим нигаронида шудаанд, таъкид кард.

Сафири Британияи Кабир дар бораи рафти тадорукот ба саммити иқлим, ки 12 декабри 2020 дар шакли видео-конфронс доир мегардад, маълумот дод.

АКС аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 14, 2020 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид