Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни собиқадорон муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мавсими навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни собиқадорон ҷамъбаст шуд. Дастаи футболи «Ромис-Испечак»-и шаҳри Душанбе, ки дар ҳамаи ҳашт бозӣ пирӯз шуд, бо ба даст овардани 24 хол ғолиб гардид.
Собиқадорони дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар 16-холӣ ба даст оварданд, аммо аз ҳисоби бартарият дар бозиҳои инфиродӣ дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ҷои дуюмро ишғол кард. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар мақоми сеюм ба даст овард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамлагари дастаи футболи «Ромис-Испечак»-и шаҳри Душанбе Шуҷоат Неъматов, ки ба дарвозаи ҳарифон 11 тӯб ворид кард, беҳтарин нишонзан дониста шуд. Хотиррасон мешвем, ки имсол бо сабаби пандемияи Ковид-19 чемпионат миёни собиқадорон аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуд.
Чемпионати Тоҷикистон. Байни собиқадорон . Даври 8-ум
«Собиқадорон» – «Равшан» – 0:3
«Хатлон» – «Давлат-Содиқ» – 5:3
«Рамис-Испечак» – «Хайр» – 6:5
«Фирдавс-40» – «Шери Восеъ» – 4:2
Чемпионати Тоҷикистон. Байни собиқадорон . Даври 9-ум
«Ваҳдат» – «Фирдавс-40» – 4:2
«Давлат-Содиқ» – «Рамис-Испечак» – 2:3
«Равшан» – «Хатлон» – 3:0
«Ҳосилот» – «Собиқадорон» – 7:5
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | |
| 1 | «Ромис-Испечак»(Душанбе) | 8 | 8 | 0 | 0 | 40-17 | 24 |
| 2 | «Равшан»(Кӯлоб) | 8 | 5 | 1 | 2 | 34-20 | 16 |
| 3 | «Хатлон»(Бохтар) | 8 | 5 | 1 | 2 | 34-20 | 16 |
| 4 | «Фирдавс-40»(Душанбе) | 8 | 3 | 2 | 3 | 21-16 | 11 |
| 5 | «Давлат Содиқ» (Восеъ) | 8 | 3 | 2 | 3 | 17-12 | 11 |
| 6 | «Ҳосилот» (Фархор) | 8 | 3 | 1 | 4 | 18-25 | 10 |
| 7 | «Хайр» (Ваҳдат) | 8 | 2 | 1 | 5 | 20-28 | 7 |
| 8 | «Шери Восеъ»(Восеъ) | 8 | 1 | 2 | 5 | 14-25 | 5 |
| 9 | «Собиқадорон»(Душанбе) | 8 | 1 | 0 | 7 | 12-38 | 3 |








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






