ПАРЧАМИ МО ШУКӮҲИ ОЗОДИСТ. Ва ё сухан аз Ливои миллии мо сухан аз шаъну шарафи миллати куҳанбунёд ва ифтихор аз Ватани муқаддас аст
ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Парчами миллӣ рамзи муқаддас ва ифтихори миллии ҳар давлат аст. Аммо сухан аз Парчами миллии мо сухан аз шаъну шарафи миллати куҳанбунёд ва Ватани муқаддаси мост. Аз ин рӯ барои миллати мо Парчами давлатӣ шараф ва ифтихори бештар дорад, зеро миллати мо аз миллатҳоест, ки дар таърихи башар яке аз аввалин парчамдорон ва яке аз аввалин офаридгорони Қонуни ҳуқуқи башар будааст. Чунонки медонем, ҳанӯз дар замони Ҳахоманишиҳо, ду ним ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар соли 500-уми пеш аз мелод Куруши Кабир дар ин сарзамин нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эълон карда буд. Ҳамчунин мо хуб медонем, ки матни ин эъломия аз ҷониби шоҳи вақти Эрон Ризошоҳи Паҳлавӣ ба Созмони Милати Муттаҳид тақдим шуда буд ва имрӯз дар роҳрави ошёнаи дуюми ин ташкилоти муътабари башарӣ чун намунаи яке аз дастовардҳои қиматбаҳои инсоният маҳфуз дошта мешавад. Ин матлабро Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Рӯзи Парчами давлатӣ баён дошт.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур гардонида мешаванд.
-Нахустин Парчами миллии мо низ таърихи чандҳазорсола дошта, дар замони шоҳи каён Фаридун арзи вуҷуд кардааст. Аммо арзиши бештар дар он зоҳир мешавад, ки парчами нахустини миллии мо парчами адолат ва озодии гузаштагони мо, парчами мубориза алайҳи ҷабру зулму ноадолатӣ буда, матои он аз пешбанди чармини оҳангарӣ бунёд ёфтааст. Шояд аз ҳамин сабаб ин парчами қавӣ дар тӯли таърихи гарону пурмоҷарову хунин ҳамеша пойдор будааст. Парчаме, ки ба нишони эътироз бар ҷабру зулми замона дар роҳи бунёди адолату инсоф боло гардидааст. Коваи оҳангар пешбанди чарминашро бар сари найза бубаст, бар тори сар бубардошт ва пӯёи адолату инсоф ва озодиву ҳуқуқ ба роҳ баромад. Мардум дар зери ин парчами нахустин аз паси Коваи оҳангар барои додхоҳиву бунёди адолат бар зидди ҷабру зулм ва беинсофии Заҳҳоки морон ба по хестанд. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ ин манзараро чунин ба тасвир додааст
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯйи дод хонд.
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.
Ва Коваи оҳангар — нахустин парчамбардори таърихи мо дар зери ин парчами доду адолат халқро ба даргоҳи Фаридун овард ва мардум аз Фаридун даъват карданд, ки зери ин парчами доду ситод тахти Каёнро соҳибӣ кунад ва мардумро ба сӯи пирӯзиҳои инсонӣ раҳнамо бошад.
Шоҳ Фаридун чун ин дирафши ковиёниро бидид, дар ӯ фоли некро дарёфт ва онро қабул кард. Сипас ӯ ин парчамро ороиши тозае дод ба дебои Рум ва зару гавҳар ва онро парчами кишвар, парчами Эронзамин, парчами тахти каён сохт. Ин ҳолатро ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш чунин таҷассум кардааст:
Чу он пӯст бар найза бардид кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пайафканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Коваёнӣ дирафш».
Сипас, баъд аз Фаридун ҳар шоҳе, ки бар тахти Каён меомад, аз худ нақшу нигоре, зеваре бар ин парчам зам менамуд, то шукӯҳи ин парчам афзунтар бошад, то ҳадде, ки ин парчам аз симу зар нурафшон гардида буд ва шабҳо нури он оламро равшан мекард.
Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ
Ба шодӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ
Бар он бебаҳо чарми оҳангарон
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон,
Зи дебои пурмояву парниён
Бар он гуна гашт ахтари ковиён,
Ки андар шаби тира хуршед буд,
Ҷаҳонро аз ӯ дил пуруммед буд.
Дар ин сатрҳои Ҳакими Тӯс ба як ҷиҳат бояд аҳамият дод — ба он оҳанги мутантани гуфтори Фирдавсӣ, вақте ки ӯ дар бораи дирафши ковиёнӣ- аввалин Парчами миллии мо сухан мекунад. Сухани Фирдавсӣ дар ин маврид пур аз эҳсосоти ватандӯстиву адолатпарварӣ, ифтихору арҷгузорӣ ба ин аввалин парчами миллии мост. Ин далели он аст, ки шоири бузург чӣ қадар арҷ гузоштааст ба ин парчам, ба нақши бузург ва ҳадафи хуҷастае, ки парчами каёнӣ пайгирӣ кардааст.
Ин аст, ки шарафу нангу ифтихори парчамдорӣ дар вуҷуди миллати мо ҳанӯз чандин ҳазорсолаи пеш афрӯхта шуда буд. Ин аст, ки имрӯз баъд аз ҳазорсолаҳо, баъди ба вуқӯъ пайвастани армони дерини халқамон — озодиву истиқлоли миллӣ бо чи нишоту фараҳ ва ифтихори бузург аз Парчами миллӣ истиқбол намудем. Аз ин рӯ дар муносибат ба Парчами миллиамон- ин муқаддасоти Ватан бояд бисёр эҳтиёткор бошем, Парчами миллӣ сари баланди мо, ифтихори мо, шарафи мост, ки қиматтар аз ҷон аст. Бинобар ҳамин муносибати мо ба Парчами давлатӣ бояд фавқулода боэҳтиромона ва эҳтиёткорона бошад.
Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад. Аз ин рӯст, ки парчами миллӣ аз ҳар яки мо одоби хосаи муносибат талаб дорад. Дастури парчамдорӣ, муносибат бо парчамро бояд ҳар яки мо бидонем ва мувофиқ бар он рафтор намоем. Оре, Парчами миллӣ танҳо он дирафше нест, ки мо онро болои сар мебардорем. Парчами миллӣ рамз аст, рамзи бегазанди ҳастии ҳар халқ.
Ҳар яки мо бояд дар назди Парчами давлатӣ ватандӯстона эҳтиром зоҳир бикунем, ҳамеша, дар ҳама ҷо, дар ҳар маврид онро пос дорем, барои ҳимояи он, пок ва муқаддас доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем. Зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, пос доштан ва ҳимоя кардани падару модар, хонаводаву фарзандони худ, рӯҳи гузаштагон ва таъриху суннатҳои халқу давлати худ аст,
Мояи хурсандиву сарфарозист, ки Парчами миллии мо дар маркази шаҳр, дар анқариби Қасри Миллат, дар анқариби Нишони давлатии Тоҷикистон, дар баландое, ки аз ҳама ҷониби шаҳр ба чашм намоён аст, афрохта шудааст. Яке аз баландтарин ва пуршукӯҳтарин парчамҳои рӯи замин аст. Барои мо, тоҷикон, ки аз халқҳои куҳанбунёди олам ҳастем, ин парчам на танҳо аз ҷиҳати қадафрозиву паҳноварӣ дар дунё баландтарину бузургтарин аст. Барои мо шаъну шукӯҳу қимати ин парчам дар дунё аз ҳама баландтарин аст.
Вақте кишварҳо бар сари нанг меоянд, ба по мехезанд, дар зери парчами худ саф меороянд ва парчами худро болои сар мебардоранд, роҳнамои худ мекунанд. Зеро шукӯҳи парчам, нангу номуси парчамдорӣ, яъне ватандорӣ, намегузорад онҳо мағлуб шаванду таслим гарданд. Зеро қимати Парчами миллӣ, шаъну шарафи он дар баробари ҷон, балки волотар аз он аст. Ба даст овардани парчами душман маънои шикаст хӯрдан, мағлубияти ӯро дорад. Афрохта шудани парчами Шӯравӣ дар поёни ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Рейхстаги Германия нишони пирӯзии Шӯравӣ бар фашистон буд.
Ҳар куҷое Парчами миллӣ боло мешавад, нишони пирӯзӣ, нишони ғолибияти он миллат аст. Боло шудани Парчами миллии Тоҷикистон дар ҷаласаву ҷамъомадҳо, дар форумҳои муҳими байналмиллалӣ, дар пирӯзии фарзандони ғолиби Ватани азизамон низ нишони пирӯзии мардуми мост.
Ҳар боре дар форуму ҷамъомадҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо баргузор мегарданд, парчамҳои парафшони дигар кишварҳоро дар қатори парчами миллии худамон мебинем, ҳисси шарафу ифтихор моро фаро мегирад. Зеро вақте парчамҳои миллии дигар кишварҳо ба ҳам меоянду аз як насим, насими ҳамдилӣ алвонҷ мехӯранд, бо дурахшу гуногунрангии худ ба дилҳо фараҳ мебахшанд, ин нишони дӯстиву бародарист, нишони тинҷиву осоиштагӣ, нишони хушбахтии инсоният аст. Бигзор ҳамеша чунин бошад!
Бигзор ҳамеша дар саҳнаҳои гирдиҳамоиву чорабиниҳои муштараку дӯстонаи мо теъдоди парчамҳои гуногунранг ҳар чи бештар гардад ва ин парчамҳо ҳар чи бештар меҳмони ҳамдигар бошанд, ки нишони тинҷиву осоиштагиву дӯстиву бародарист. Зеро Тоҷикистон давлати сулҳдӯст аст, зеро халқи мо халқи некхоҳ, башардӯсту инсонпарвар аст. Бузургони мо ҳамеша дӯстиро ситудаанд ва Тоҷикистони биҳишосои мо, Ҳукумати мо, Пешвои миллати мо, ки худ Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллиянд, низ аз рӯзҳои нахустин сиёсати дӯстӣ, бародарӣ, дарҳои кушодро пеш гирифтаанд. Ҳар ки бо нияти пок, дӯстонаву хайрхоҳона ба диёри мо меояд, дари дилу дари хонаҳои мо ба рӯи ӯ боз аст.
Хуллас, парчам барои инсонҳо маънову ҳадаф ва аҳамияти хосса дорад ва ин моро водор мекунад, ки муносибати худро ба он муайян кунем. Парчам — даъват ба ҳимояи Ватан, парчам- даъват ба сулҳу дӯстӣ, парчам дар маҷмӯъ рамзи инсоният аст. Ҳар қитъаи наве, ки дар замин кашф гардид, ҳар қуллаи наве, ки фатҳ шуд, аввалин нишоне, ки ба он гузошта мешавад, парчам аст, парчами он халқ, он давлате, ки ба ин фатҳ ноил гардидааст.
Аммо, шояд замоне расад, ки инсоният аз ҳама парчамҳои мавҷуда як парчам созад. Парчами ягонагии инсонҳо, парчами ягонагии Замин, парчаме, ки дар зери парафшонии худ инсониятро ба ҳам орад, парчаме ки баъд аз фатҳи сайёраҳои нав ситораҳои нави кайҳонӣ аз номи заминиён бар он афрохта шавад. Ин, албатта, орзу ва ормони башардӯстонаест.
Вале ҳақиқат ин аст, ки ҳар субҳ, вақте аз хона бурун меоям, ба сӯи коргоҳ мешитобам, аз дури дур ҳатман чашмам ба он парчами баланд, парчами зебову парафшони миллиамон меафтад. Як ҳисси фараҳу ифтихор, як ҳисси гарми ватандориву ватандӯстӣ маро фаро мегирад. Гумон мекунам, фараҳу ифтихоре, ки ҳар субҳ ин парчам ба ман мебахшад, тамоми рӯз раҳнамои ман аст. Ва ман бовар дорам, ки ҳар нафари дигари сокини ин диёр низ чунин аст. Зеро Парчами давлатӣ на танҳо ба мо эҳсоси ифтихор мебахшад. Ин парчам ба мо бештар аз он неру, бовар ва ғайратеро мебахшад ва моро бо ҳам ба сӯи истиқболи ояндаи неки Ватанамон раҳнамо мебошад. Ин парчами баланд ҳар бор моро водор мекунанд, ки барои дидани он сарамонро боло бардорем. Яъне ин парчам сари моро баланд медорад, ба мо сарбаландӣ мебахшад. Хеле хубу пазируфтанист, ки чунин парчамҳо ҳоло пайваста дар ҳама шаҳрҳои бузурги Ватанамон, дар маркази ноҳияҳо афрохта мешаванд, то ҳар субҳ чашми мардум аз онҳо нур гирад, то ки ҳамеша зери ин парчам муттаҳид бошем, то ин парчам ба мо неруву бовар бубахшад.
ПАРЧАМИ ИХЛОС
Эй тулӯи оҳарини ҳастии хушранги ман!
Эй матои бегазанди рӯзгори шанги ман!
Эй фаридунӣ ливои ифтихори тоҷикон!
Ковиёнӣ парчами ихлосу ори тоҷикон!
Эй ки дар рӯи ту рӯи бахти мо шуд ҷилвагар!
Дар фарозат тоҷи мо шуд, тахти мо шуд ҷилвагар!
Парфишон андар ҳавои сулҳу истиқлол бош!
Бар тани симурғии уммеди мо шаҳбол бош!
То ки ҳар субҳат бубинам, сар ба боло мебарам,
Сабаландии туро бо сад таманно мебарам.
Эй танида аз матои сад ҳазорон ҷисму ҷон!
Эй фурӯғи ашку хуну ҳикмати озодагон!
Мо туро чун ганҷи ҷони хеш дар каф мекашем!
Бо ҳазоронсола таърих аз пасат саф мекашем!
Эй ҳама ихлосу бовар, эй ҳама анвори фар!
Дар фарози поки Меҳан бош умре ҷилвагар!
Ман ки бо номи ту бо сад ифтихоре зистам,
Дар дифоят гар набошам лаҳзае, пас кистам?!
Родмардиро намои асрҳоӣ дар Ватан!
Парчами пирӯзии ман, парчами армони ман!
Кош бошӣ ҳар нафас дар ҷисму ҷонам парфишон!
То барам бо худ туро то зиндаам чун армуғон!