Рустами Эмомалӣ зимни мулоқотҳо дар Москва масъала дар бораи муҳоҷирони кории тоҷикистониро ба миён гузоштанд

Ноябрь 26, 2020 12:46

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Барои Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни мулоқотҳо дар парлумон ва бо аъзои ҳукумати Россия вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ мавзӯи муҳим буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik хабар медиҳад.

Тавре АМИТ Ховар қаблан хабар дода буд, 24-25 ноябр Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмии худ ба Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков, муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук ва шаҳрдори Москва Сергей Собянин мулоқот карданд.

Ба гузориши Спутник, Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни мулоқотҳо ва музокирот аз имкони осон сохтани сабти номи коргарон аз Тоҷикистон, эҳёи парвозҳои муназзам ва ҷилавгирии коронавирус дар байни муҳоҷирон ёдовар шуданд.

Ба ғайр аз мулоқотҳо бо Матвиенко, Жуков, Оверчук ва Собянин, Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси Думаи Федератсияи Россия Вячеслав Володин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд ва масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва баргузории эҳтимолии Ассамблеяи парлумонии СААД -ро дар шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли 2021 баррасӣ карданд.

АКС: хадамоти матбуоти Шаҳрдории  Москва

Ноябрь 26, 2020 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи экологӣ доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд