Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 19-уми сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2020. /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз ҷаласаи 19-уми сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узв ва нозирони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Ҷонибҳо дар оғози ҷаласа оид ба масъалаи пешгирӣ ва муолиҷаи гирифторони бемории сирояии КОВИД-19 фикру мулоҳизаҳои судманд иброз дошта, фаъолияти дастаҷамъона ва мубодилаи таҷрибаи якдигарро дар ин давра зарур шумориданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа вазъи ҳамкориҳо кар соҳаҳои ҳамлу нақл, роҳу коммуникатсия, энергетика, тандурустӣ, маориф ва амният мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав расонданӣ ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ҳавасмандӣ зоҳир гардида, пайваста дар ин самт чорраҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар охири кори ҷаласа дар доираи фаъолияти минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.









Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд






