СИРАТИ ҚАЛЛОБ. Дар бораи қаллобон чӣ медонем ва чӣ бояд кард, ки ба доми макри ин бадсиголон гирифтор нашавем?
ДУШАНБЕ, 17.11.2020/АМИТ «Ховар»/. Чунон ки қаблан хабар дода будем, чанд тан шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат ба як шаҳрванди дигари Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садуридинови 42-сола, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, узви ташкилоти экстремистӣ — террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» (ТЭТ ҲНИ) — и мамнӯъ дар Тоҷикистон, ки ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад, ба мақомоти прокуратура бо ариза муроҷиат намуданд. Номбурда бо ҳаракатҳои қаллобонааш 430000 доллари ИМА -и онҳоро тасарруф ва ба онҳо зарари қобили мулоҳиза расонидааст.
Дар гузориши Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ чунин изҳор шудааст: бо дарназардошти он, ки дар фаъолияти Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович аломатҳои ҷинояти дар м. 247 қисми 4 («Қаллобӣ бо расонидани зарари миқёсан махсусан калон») Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст, ҷустуҷӯйи расмии ӯ эълон шудааст ва тафтиш идома дорад.
Дарҳол, худи ҳамон рӯз, 15 октябр, Муҳаммадиқбол ҳангоми суханронӣ дар вебсайти худ «Ислоҳ» дар интернет кӯшиш кард, ки иттиҳоми пешниҳодкардаи Прокуратураи генералиро рад кунад. Вай баъзе «аснод» -и дар бланкаҳо бо хати арабӣ чопшуда ва бидуни имзоро нишон дод, вале маълум нашуд, ки онҳо аз тарафи кӣ дода шудаанд.
Бидуни расонидани халал дар тафтишоти Прокуратураи генералӣ ба матлаби зерин ишора мекунем:
Якум, оё метавон ин коғазҳоро санади тасдиқкунандаи «далелҳои» ӯ номид, албатта, мутобиқи қонун вай бояд дар прокуратура ё суд инро исбот кунад, на дар вебсайти худ.
Дуюм, баъзе лаҳзаҳои суханронии видеоии ӯ, ба ҳар ҳол, далели бе айб набуданаш мебошанд: масалан, ин коғазҳо чӣ тавр дафъатан пайдо шуданд. Ин чунин маънӣ дорад, ки ӯ пешакӣ онҳоро бо мақсади «пешгирӣ аз ҳолати ногувор» омода кардааст? Илова бар ин, асабоният, тундмиҷозӣ ва изтироби ӯ як вокуниши табиии инсон дар муқобили ҳолатҳои ваҳмангез аст.
Сеюм, аксари одамон дар шарҳҳои худ ба «раддия» -и ӯ назари манфӣ изҳор кардаанд ва дар мавриди ғайрисамимӣ ва дурӯғ будани суханонаш гумонбар шудаанд. Масалан, Хуршед Каримзода, Ҷаҳонгир Эргашев, Саида Мухторова, Орифи Даврон, Ихтиёрҷон Комилов, Фирдавс Зокирзода, Томирис Назарӣ, Диловар Аҳмадов ва бисёр дигарон менависанд: “Изҳоротат (изҳороти ту — эзоҳи идора) ҳеҷ маъно надорад, зарур аст, ки ту рӯ ба рӯ (бо ҷабрдидагон — эзоҳи идора) сухан бигӯйӣ”; «Ҳоло асноди тақаллубӣ зиёданд, таҳияи онҳо осон аст»; «Ту, як муҳоҷири одӣ аз куҷо 2 миллион(доллар – эзоҳи идора) пайдо кардӣ?. Ту магар миллионер ҳастӣ? Мо шубҳа дорем, ки агар ин миқдор пул дошта бошӣ, пас онҳо бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд. Одамон тамоми сол кор мекунанд ва базӯр 4 ҳазор маош мегиранд … ”; «Ту чӣ машғулият дорӣ, ки то соати 10-и субҳ мехобӣ?!»; «Ягон шарҳеро надидам, ки дар он туро маҳкум накунанд»…
Чорум, имсол Муҳаммадиқбол дар вебсайти худ изҳороти бардурӯғеро пахш кард, ки гӯё сокинони ноҳияи Мастчоҳ зидди таҷлили Рӯзи Ваҳдат ҳастанд. Ин мавҷи хашми мардуми Мастчоҳро барангехт ва ӯро бо лаҳни шадид ба дурӯғгӯйӣ ва хиёнат ба манфиатҳои халқ ва кишвари худ муттаҳам намуданд. Яке аз сокинони ин ноҳия 1 майи соли равон аз тариқи YouTube мустақиман ба М.Садриддин бо суханони зерин муроҷиат карда буд: «Ту кӣ ҳастӣ, ки аз номи сокинони ноҳияи мо сухан мегӯйӣ?! Ту кӣ ҳастӣ, ки сокинони ноҳияи Масчоҳ ба ту муроҷиат кунанд?! Буду шудат танҳо як шахси бешараф, палид, бевиҷдон ва бесавод ҳастӣ ва танҳо ба навиштани чизҳои бӯҳтономез ва таҳқиромез қодир мебошӣ. Бигӯед, ки кӣ аз сокинони ноҳияи мо ба ту муроҷиат кардааст? Намегӯйӣ! Зеро ту метарсӣ, барои он ки муаллифи инҳо худи ту ҳастӣ!”
Панҷум, ҳанӯз 7 августи соли равон дар гурӯҳи «Диаспораи муҳоҷирони тоҷик” дар интернет Муҳаммадиқболро «Намунаи олии қаллобӣ» номида буданд. Муаллим, сокини шаҳри Бохтар Акрам Саркоров дар сомонаи Одноклассники, аз ҷумла, чунин навиштааст:
«Дар бораи он, ки М. Садриддин ба ҷомеа зарари зиёд расонидааст, матолиби зиёде гуфта ва навишта шудааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз чунин одамон, агар онҳоро одам номидан мумкин бошад, нисбат ба дигарон дар бораи ростқавлӣ ва шаффофияти корҳо суханфурӯшӣ мекунанд. Онҳо аз оёти Қуръон ва ҳадисҳо иқтибос меоранд ва рафтори қабеҳи худро сафед карданӣ мешаванд. Ҳамон тавре, ки М. Садриддин — наҳанг ва тоҷири қаллоб ин корро мекунад… Ин як қатор сабабҳо ва қонунияти табиии худро дорад».
Дар вуҷуди Муҳаммадиқбол ҳама чиз чигил ва дар ҳам омехта шудааст. Вуҷуди ӯ аз ҳама ҷиҳат лабрези ҳисси бадхоҳӣ нисбат ба миллат ва сарзамини аҷдодии худ мебошад. Ҳамчун писари яке аз раҳбарони созмони ТЭТ ҲНИ Садриддин Қаландар, аз тақдираш хашмгин аст, ки бо сабаби амалҳои зиддиҳукуматиаш наметавонад ба Ватан баргардад ва дар ободонии Тоҷикистон, аққалан хонаи худаш, ки дар канори шаҳри Бохтар воқеъ аст, саҳм бигирад. Хонааш вайрон шудааст, касе нест, ки онро нигоҳубин кунад. Худи М.Садриддин ба афсурдаҳолӣ ва камбуди шадиди маблағ мубтало шудааст. Намояндагони М.Садриддин, аз ҷумлаи хешовандонаш, солҳои 70-ум кӯшиш карданд, ки аҳолии собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ва ҳозира — Хатлонро радикалӣ кунонанд. Холисона бояд зикр кард, ки маҳз омодагиҳои идеологии ҳамин гуна одамон дар заминаи радикалӣ асоси саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар ин минтақаи сермиллат гардиданд. Чунки одамони дар заминаи афкори мазҳабӣ афсуншуда, ҳангоми рӯйдодҳои сиёсии дарпешистода рафтори ғайримантиқӣ карданд. Майлу рағбат ба гирдиҳамоиҳо, пешниҳоди дархостҳои дурӯғин ба ҳукуматдорон — ин ҳама натиҷаи кори падари Садриддин ва писари ӯ мебошад, ки он замон як бачаи саллабардор буд ва аз айёми кӯдакӣ фалсафаи худкушӣ меомӯхт. Ана, гап дар куҷо будааст”.
Шашум, ҳамон муаллим аз Бохтар, Акрам Саркоров М.Садриддинро «наҳанги қаллоб дар тиҷорат, табиатан моҷароҷӯ ва зотан салафӣ» номидааст.
Воқеан, дар бораи салафиҳо («салаф» — ниёгон, пешгузаштагон — эзоҳи АМИТ «Ховар»). Онҳо ҷонибдори тарзи зиндагӣ ва эътиқодоти ҷамоаи аввали мусулмонон, «ниёгони солеҳ» (ал-салаф ас-солеҳун) мебошанд ва шунавандагони худро ба роҳравҳои дурӯғини эътиқоди исломӣ ҳидоят мекунанд. Салафиёни аз ҳад зиёд радикалиро метавон «анархистҳои динӣ» номид. Онҳо танҳо таълимоти диниро эътироф ва арзишҳои миллӣ, давлати дунявӣ ва қонунҳои инсониро инкор мекунанд.
Бояд гуфт, ки қишри аз ҳама осебпазири аҳолӣ ва мубталои ин идеология дар тамоми кишварҳо ҷавонон мебошад. Барои тавсеаи ғояҳои худ дар байни ҷавонон воизони салафия ҷавононро фаъолона ба марказҳои таълимии исломии хориҷӣ даъват мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводи иттилоотии дахлдор пахш мекунанд. Дар натиҷа, ҷавонони ба доми шабакаи салафия афтода аз риояи расму одатҳо ва қонунҳои кишвари худ саркашӣ мекунанд, хонаҳои худро тарк карда, робитаро бо хешовандонашон қатъ мекунанд, то ин ки тибқи фаҳмиши хоси худ ба дин «хидмат» кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳаракати салафия беш аз даҳ сол боз дар кишвар мамнӯъ ва аз соли 2015 инҷониб экстремистӣ эътироф шудааст: барои таблиғи он қонун аз 5 то 8 соли ҳабс пешбинӣ кардааст.
***
Дипломат, рӯзноманигор, сиёсатмадори маъруфи амрикоӣ Бенҷамин Франклин гуфта буд: «Маккорӣ (аз калимаи «макр», яъне роҳи фиреб додани одамон бо таври қаллобӣ, ҳиллаву найранг, огоҳона чигил ва махлут намудани корҳо, лофзанӣ, гумроҳ намудан — эзоҳи АМИТ “Ховар”) ва аҳдшиканӣ — усулҳои кори аҳмақон мебошанд, ки барои ҳалол зиндагӣ кардан ақли кофӣ надоранд».
Агар дар бораи қаллобӣ аз нуқтаи назари қонуни ҷиноятӣ сухан ронем — пас ин ҷиноятест, ки маънои он мусодираи амволи касони дигар бо роҳи фиреб ва гумроҳ намудани онҳо мебошад. Қаллобӣ на танҳо аз нуқтаи назари қонуни дунявӣ, балки аз нигоҳи ахлоқ ва дин низ маҷоз нест.
Аз нигоҳи Ислом фиребгарӣ ва қаллобӣ гуноҳи азим, мояи шармандагӣ дар дунё ва охират мебошад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) на танҳо ҳама гуна фиребгариро дар байни аъзои ҷамоати мусулмонон қатъиян маҳкум мекард, инчунин эълом карда буд: «Дар рӯзи қиёмат ҳар як хиёнаткор парчам хоҳад дошт ва гуфта хоҳад шуд: «Ин — фалон хиёнаткор аст» (Ал-Бухорӣ) … Расвоии фиребгарон, хиёнаткорон ва хоинон бениҳоят бузург хоҳад буд. Касе гумон мекунад, ки макри ӯ фаромӯш шудааст, акси онро хоҳад дид: дар бораи ӯ тамоми ҷаҳон огоҳ ва ӯ шахсан парчамбардори хиёнати худ хоҳад буд!
***
Гарчанде теъдоди қаллобӣ дар ду соли охир коҳиш ёфта бошад ҳам, милитсияи Тоҷикистон чун пештара онро яке аз намудҳои густурдаи ҷинояткорӣ ҳисоб мекунад. Худатон қазоват кунед: мутобиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар соли 2018 дар Тоҷикистон 21 ҳазору 957 ҷиноят, аз ҷумла 5078 далели дуздӣ, 3161 қаллобӣ, 1090 авбошӣ, 873 ҷинояти террористӣ ва экстремистӣ ва 668 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сабт шуда бошад, пас соли 2019 90 ҳолати куштор, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ — 126, таҷовуз ба номус — 46, ғоратгарӣ — 28, хариду фурӯши одамон — 5, ғоратгарӣ — 140, тамаъҷӯӣ — 32, авбошӣ — 1139, қаллобӣ — 2294, дуздӣ — 5328 ҳолатба қайд гирифта шудаанд.
***
Қаллобон дар ҳама асру замонҳо вуҷуд доштанд. Фиребгарон доимо усулҳои нави фиреби одамонро меандешанд ва бо ин роҳ одамони синну сол ва касбу кори гуногун ба доми онҳо меафтанд. Дар асри технологияҳои иттилоотӣ имкони ба доми бадсиголон афтодан хеле зиёд шудааст. Аз ин лиҳоз бояд ба таври қатъӣ роҳҳои шинохтани онҳо, таъмини бехатарии худро ҳангоми мулоқот бо онҳо донист.
Шумо бояд бидонед, ки қаллобон дар паси пардаи суханони зебо роҷеъ ба ҳадафҳои гӯё хубашон суҳбат мекунанд, худро дӯсти шумо меноманд ва нисбат ба шумо ғамхорӣ ва ҳамдастӣ зоҳир мекунанд. Аммо тавре ки дар зарбулмасали маъруф гуфта шудааст: «На ҳар чизе, ки медурахшад, тилло аст» — на ҳар касе, ки дар бораи дин суханони зебо мегӯяд, воқеан парҳезгор ва тақводор аст.
Аксар вақт, қаллобон одамонро хуб медонанд ва метавонанд барои ҳар мавриди мушаххас калимаҳои мувофиқ интихоб кунанд. Бештари вақт, тӯъмаи қаллобон касоне мешаванд, ки ба одамони бегона эътимод мекунанд ва ҳушёриро аз даст медиҳанд. Аммо, ҳолатҳое низ мешаванд, ки бадсиголон ҳатто одамони боэҳтиёт ва нобоварро низ фиреб медиҳанд.
Аз ин рӯ, нисбат ба оила ва дӯстони худ бодиққат бошед! Нисбат ба дӯстон ва шиносонатон бетафовут набошед! Ҳангоми муошират бо бегонагон эҳтиёткор ва ҳушёр бошед! Огоҳӣ ва фаҳмиши чизеро, ки ҳоло бо шумо мегузарад, нигоҳ доред. Малакаи мушоҳидакориро дар худ инкишоф диҳед, саволҳо бидиҳед: «Чаро инро ба ман мегӯед?», «Чаро ин ба шумо зарур аст?» Маълумотро бо роҳи таҳқиқи пурраи мавзӯъ, инчунин бо истифода аз тафсирҳои интернетӣ ва хулосаи Вазорати корҳои дохилӣ такмил кунед. Ҳадафи муфидро дар зиндагӣ пайдо ва роҳи қонунӣ, рости ба он расиданро интихоб кунед. Дар ин ҳолат ҳеҷ як қаллоб ё авомфиреб шуморо аз роҳатон баргардонида наметавонад.
Агар таҳдид кунанд, пас ба наздикони худ дар ин бора хабар диҳед ва фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоед!