Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ

Ноябрь 16, 2020 16:45

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суханронии табрикӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро таъкид кард.

Зикр шуд, ки натиҷаи ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат, аз ҷумла сиёсати “дарҳои боз” аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари кулли кишварҳои олам муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хосса касб намудааст.

-Гиромидошти Рӯзи Президент, ки ибтидо аз соли 2016 ба ҳукми анъана даромаду ҳар сол таҷлил мешавад, нишонае аз қадрдонии миллати мо нисбат ба Пешвои худ ва омили дигари ваҳдату якпорчагӣ ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб ва қадам гузоштан дар роҳи амалисозии нақшаву барномаҳои ояндасози ин марди шариф аст,- афзуд С. Муҳриддин.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 16, 2020 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид