Театри Тоҷикистон тамошобинони Россияро ба ваҷд овард

Ноябрь 16, 2020 13:37

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои истироҳатии  гузашта-14-15 ноябр, дар саҳнаи Театри академии драмавии русии ба номи Г. Константинови шаҳри бостонии Йошкар-Ола (Россия) ду намоиши Театри давлатии драмавии Душанбе ба номи В.Маяковский ба тамошобинон пешкаш карда шуд.

Рӯзи шанбе тамошобинони пойтахти Ҷумҳурии Марий Эл фоҷиаро аз рӯи пйесаи В.Шекспир «Ҳамлет» ва рӯзи якшанбе мазҳакаи Ж.Б. Молйер — «Тартюф» -ро тамошо карданд.

Пештар спектаклҳои театри Маякоскийи Душанбе дар саҳнаи Театри вилоятии ордени Байрақи Сурхи Меҳнатдори ба номи Киров намоиш дода мешуданд. Сафари эҷодии театри Тоҷикистон ба шаҳрҳои Россия дар доираи барномаи “Сафарҳои бузурги эҷодӣ” сурат гирифт.

Тавре директори Театри драмавии русии Душанбе, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мунира Дадаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, намоишҳои ҳунармандон дар толорҳои пур аз тамошобинон сурат гирифтанд. Дирӯз вай дар саҳифаи Фейсбуки худ ба тамошобинони Россия «барои истиқболи гарм» изҳори миннатдорӣ кард.

Тавре хабарнигорони мо қаблан иттилоъ дода буданд, имрӯз дар театри Et Cetera -и Москва фестивали 2-юми театрҳои хориҷии русӣ ифтитоҳ меёбад. Ба барномаи фестивал намоиши Театри давлатии драмавии русии Душанбе ба номи В.Маяковский «Ҳамлет» низ шомил шудааст. Коргардони басаҳнагузорандаи он Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Баҳодур Миралибеков мебошад.

ДАР АКС: коргардони калони театри драмавии русии Душанбе Баҳодур Миралибеков ва муовини директори театр Гулнора Аҳмадова ҳангоми қабули табрикот. Аксҳо аз манбаъҳои озод.

Ноябрь 16, 2020 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад