Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бозии дуюми дӯстона доир намуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар бозии дуюми дӯстона дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон аз мизбони мусобиқа-дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳарчанд футболбозони тоҷик бозиро хуб шурӯъ карда, то дақиқаи 20-ум бо голҳои задаи Давронҷон Эргашев (10) ва Комрон Турсунов (20) ба пеш баромаданд, аммо дар идомаи рақобат тавассути ду голи Алӣ Аҳмад Мабхут (9, 63) ҳисоб баробар шуд. Натиҷаи муссовӣ барои футболбозони тоҷик муқобили яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё қаноаткунанда ҳисоб мешуд, аммо дар дақиқаи 4-уми иловагӣ мизбонон аз як фурсат истифода намуда, натиҷаро 3:2 карданд. Муаллифи гол Алӣ Солеҳ шуд. Ҳамин тариқ, ҷамъомади таълимиву тамриниии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи ноябр ба поён расид.
Бозии дӯстона
12 ноябр (панҷшанбе)
Соати 19:00 ба вақти Душанбе
АМА — ТОҶИКИСТОН -3:2
Варзишгоҳи «Забил»-и шаҳри Дубай
Голҳо: Давронҷон Эргашев, 10 (0:1). Комрон Турсунов, 20 (0:2). Алӣ Аҳмад Мабхут 29 (1:2). Алӣ Аҳмад Мабхут, 63 – аз пеналти (2:2). Алӣ Салеҳ Амро, 90+4 (3:2).
Ёдовар мешавем, ки 7 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА бозии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор шуд.
Вохӯрӣ бо рақобати баробари дастаҳо сурат гирифта, дастаи мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби минималии 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввал зад.
Бозии рафиқона
Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН – 1:0
Гол: Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ, 44.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эгашев, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев (Манучеҳр Ҷалилов, 87), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулмуъмин Забиров (Комрон Турсунов, 70), Эҳсони Панҷшанбе, Илҳомҷон Баротов (Ислом Зоиров, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 80).
Довари марказ: Аҳмад Исо Дарвеш (АМА).
7 ноябр. Дубай. Варзишгоҳи «Police Officers’ Club».
Хотиррасон мешавем, ки моҳи сентябри соли равон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии расмии худ дар доираи бозии дӯстона дар сафар аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мағлуб шуд. Вохӯрии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Локомотив»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи баланд сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Ҳисоб дар дақиқаи 32-юми бозӣ аз ҷониби ҳамлагари мизбон Шаҳзод Убайдуллоев кушода шуда, қисми аввал бо натиҷаи 1:0 ба поён расид.
Дар оғози қисми дуюми рақобат Зоир Ҷӯрабоев баъди ба майдон баромадан ҳисобро баробар кард, аммо дар дақиқаи 62-юми дидор довари ӯзбек — Аҳрол Ризқуллоев ба дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон зарбаи пеналтии баҳснок таъйин кард ва онро Мурод Холмуҳаммадов иҷро намуд. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии нуҳуми хеш ба муқобили дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ба бохт рӯ ба рӯ гардид.
Бозии дӯстона
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голҳо: Шаҳзод Убайдуллоев, 33 (1:0). Зоир Ҷурабоев, 48 (1:1). Мурод Холмуҳаммадов, 67 – аз пеналти (2:1).
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба муқобили дастаи мунтахаби Ӯзбекистон чунин буд:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳарсе аз «Хуҷанд»)
Сармураббӣ – Усмон Тошев.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






