Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб-интернати Нуробод кумаки моддӣ расонид
ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кумаки моддӣ расониданд.
Баҳри омодагӣ ба фасли зимистон либосҳо, ашёи таълимӣ, маводи хӯрокӣ, аз қабили 110 дона куртка, 135 ҷуфт пойафзол, 50 литр равған, 10 халта орд, 40кг гӯшт, 50 кг биринҷ, 50кг шакар, 200 адад ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, 20 адад моеъи антисептикӣ ва дигар маводу ашёҳои лозима ба таълимгирандагони Мактаб-интернати мазкур супорида шуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки амалҳои хайру савоб, аз ҷумла ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон ҳамеша дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.
Айни замон дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод 135 нафар хонанда бо шароити хуб таълиму тарбия мегиранд. Хонандагони Мактаб-интернат барои ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, иброз намуданд, ки бо тартибу интизоми намунавӣ ва дониши хубу аъло таҳсил менамоянд.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






